Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Умедвории СММ аз раиси ҷумҳурии Тоҷикистон


I> B>< Кумитаи зидди шиканҷаи Созмони Милал. Женева< Тоҳири Сафар Кумитаи зидди шиканҷаи Созмони Миллали Муттаҳид ибрози умедворӣ кард, ки раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов бо истифода аз фурсате, ки ба даст овардааст, барои беҳбуди вазъи ҳуқуқи инсон дар ин кишвар талош хоҳад кард.

Муовини раиси кумита ва намояндаи Русия дар Кумитаи шиканҷаи Созмони Милал Александр Ковалёв дар ин маврид ба Радиои Озодӣ гуфт:

Ман фикр мекунам, вазъият беҳбуд меёбад. Хуб аст, ки дар кишвар талош барои табаддулоти давлатӣ ва ғайра набуд ва барои ҳамин бояд аз фурсат истифода бурд. Зоҳиран Раҳмонов инро дарк мекунад, чун вазирони кишвар низ дарк мекунанд ва дар ҳамин давраи осоишта бояд тамоми заминаҳоро барои шиканҷа ва нақзи ҳуқуқи инсон аз байн бурд".


Фелис Гер, гузоришгари Кумитаи зидди шиканҷаи Созмони Милал, ки намояндаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрикост, ҳангоми сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, барои беҳбуди вазъи ҳуқуқи башар хуб аст, агар ҳукумати Тоҷикистон ҳарчи бештар бо ниҳодҳои ҳомии ҳуқуқи инсони Созмони Милал ҳамкорӣ кунад.

Беҳтарин чиз аз наздик нигаристан, аз наздик гӯш кардан ва ба баҳсҳои ниҳодҳои нозир, ниҳодҳои нозири иҷрои қатъномаҳо, гузоришгарони махсуси СММ ва дигар коршиносон ҳамроҳ шудан аст, ки солҳо таҷрибаи ҳимоят аз ҳуқуқ ва эҳтироми тамоми афродро доранд

Пеш аз ин сӯҳбат, Кумитаи зидди шиканҷаи Созмони Милал дар нишасти худ суханронии вазири адлияи Тоҷикистон Халифабобо Ҳомидовро шунид, ки доир ба тадобири андешидаи Тоҷикистон барои ҷилавгирӣ аз шиканҷа ва дигар рафтори золимона ва тавҳиномез нисбат ба инсон гузориш дод.



Вай аз ҷумла гуфт, кишвараш барои пешгирӣ аз шиканҷаву рафтори бераҳмона иқдомоти зиёде рӯи даст гирифтааст ва аз ҷумла қонунҳои кишвар кор гирифтан аз шиканҷаро мамнӯъ мекунад ва дар Қонуни асосӣ низ дар ин бора банди махсус вуҷуд дорад. Халифабобо Ҳомидов ҳамчунин доир ба ислоҳоти низоми маҳбасҳо ва барномаҳои ҳукуматӣ барои беҳбуди зиндонҳои кишвар сухан гуфт ва аз ҷумла гуфт, ки ҳадафи аслӣ батадриҷ мувофиқ кардани шароити зиндонҳои кишвар ба меъёрҳои байналмилалӣ аст.
XS
SM
MD
LG