Пайвандҳои дастрасӣ

Пешбинии маблағ барои Роғун дар буҷаи Тоҷикистон


Буҷаи давлатии Тоҷикистон барои соли 2007 маболиғе барои тармим ва таҷҳизи нерӯгоҳи Роғунро пешбинӣ мекунад.


Вазири молияи Тоҷикистон, Сафаралӣ Наҷмуддинов гуфтааст, ва аммо барои бунёди комили ин нерӯгоҳ маблағи зиёде лозим аст ва аз ин рӯ сармояи хориҷӣ низ ҷалб хоҳад шуд. Бино бар гуфтаи вазири молияи Тоҷикистон, айни ҳол ин кишвар бо созмонҳои молии байналмилалӣ, назири Бонки ҷаҳонӣ, Бонки исломии рушд, Бонки осиёвии рушд гуфтушунидҳое доштааст.


Дар маҷмӯъ, дар буҷаи соли 2007 барои соҳаи энержӣ беш аз панҷсаду ҳафтод миллион сомонӣ ҷудо мешудааст.
XS
SM
MD
LG