Пайвандҳои дастрасӣ

Ташхис - ул - латоиф


Аз силсилатанзҳои устод Нурулло Абдулло

Хонандаи арҷманди ман. Оё пай бурдӣ, дар он гуфтаҳои саридастӣ, вале латифи классикони гузаштаамон, ки имрӯз ба мо чун жанри адабии «латифа» расидааст, як сирри ниҳоне ҳаст.

Латифа на танҳо шоҳиди муҳити сиёсӣ, иҷтимоӣ ва эҷодии замони худ аст, балки боз аз маърифат ва зарофати шоҳону вазирон, дарбориёну бозориён ва авоммунносу зиёиёни гузаштаи мо ба мо дарак медиҳад. Ин латоиф гӯё мизонест байни гузаштаву имрӯза, ки мо метавонем бо он маърифату фарҳанги дирӯза ва имрӯзаи ҳамқавмонамонро баркашем ё муқоиса намоем. Як мисол:

Ба под....калоншавандае гуфтанд, ки дар ин шаҳр марде зариф аст, ки дар сурат ба шумо монанд аст.
Калоншаванда бифармуд, то ӯро биёваранд. Ёфта ҳозир карданд.
Калоншаванда ба зарофатгӯӣ оғоз кард:
«-Эй мард, ман модари туро мешиносам. Зане буд хеле хубрӯй ва ба ҳусн ороста. Даллолӣ мекард ва зуд-зуд ба дарбори мо меомад.»
Зариф ҷавоб гуфт:
«-Калоншавандаи азиз, модари ман ҳаргиз аз хона берун намерафт, аммо падарам дар боғи дарбор, ки наздики ҳарамсарои падаратон буд, боғбонӣ мекард»


Акнун ба қисмати охирини латифа ё худ фароварди он аҳамият диҳед.

Под...яъне вай чӣ буд,...калоншавандаро ҷавоби марди зариф хуш омад ва ӯро аз нудамои маҷлиси худ гардонид.

Акнун як лаҳза тасаввур кунед, ки ин гуфтугӯ, яъне ин латифа дар рӯзҳои мо ба вуҷӯъ пайвастааст. Яъне, як мардаки ҳеҷкорае ба калоншавандае гӯяд, ки:

«-Не, калоншавандаи мӯҳтарам, падари шумо модари маро не, балки падари ман модари шуморо мешинохтааст.»

Медонед, пас аз ин чӣ мешавад? Аз ҳама сабукаш он марди ҳеҷкора вале зарифро аз тамоми ҷабҳаҳо дур месозанд, номашро чун сояаш аз ҳама ҷо метарошанд ё агар вазнинтар гирем, пас аз давуғеҷи зиёде ба милисахонаю ФБР, КГБ-ю ФСБ мурдаашро аз зери чархи мошин меёбанд ё ба моҳиқапӣ мебаранд. Дар тамоми СНГ.

Акнун биёед фикр кунем: Нуқсон дар чист? Маърифату фарҳанги ботинии мо аз он давраи дақёнус то имрӯз пештар рафтааст ё бештар коҳидааст? Шояд мо ба марҳалае расидаем, ки ҳатто акнун «шӯхӣ»-ро ҳам намефаҳмем? Ё шояд иллат дар худи латифа бошад?

Ана аз ҳамин сабаб мехоҳам бо нияти пок саҳифачае барои хонандагони сомонаи Озодӣ боз намоям, ки он бо розигии дӯстон бояд «Ташхис-ул-иллати латифа» ном гирад. Ба арабӣ намедонам, лекин дар забони худамон «мӯайян намудани дарди латифа» ном дорад.

Ва дар охир боз як мисол.

Деҳқонеро ситаме расида буд. Назди подшоҳ рафту арзи ҳол кард. Подшоҳ ба ҳоли ӯ напардохт. Боз ибрози дард кард. Подшоҳ рӯ бигардонд. Саввум бор такрор намуд. Подшоҳ дар ғазаб шуду гуфт:
«-Эй мардак, дарди сар аз пеши мо бубар!»
Деҳқон гуфт:
«-Сар тӯӣ, дардро куҷо барам?»
Подшоҳ аз он сухан сахт мутаассир шуд ва интиқоми ӯ аз он ситамгар биситонд.


Канӣ, як боракак ба раиси маҳаллаатон ба ин латифа монанд бикунед. Ӯ чӣ ҷавоб мегуфта бошад?
XS
SM
MD
LG