Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мусоҳибаи ихтисосии Нозим Орифҷонов аз як тарабхонаи Маскав


-Дар тарабхона сурудҳои тоҷикӣ мехонед ё русӣ?

-Тоҷикӣ кам. Бисёртар русӣ. Барои он ки мардуми тоҷик имкони ба тарабхона даромадан надорад. То ҳозир ман ягон тоҷике надидаам, ки тарабхона даромада бошад. Ҳарчанд тарабхонае, ки ман кор мекунам, гарон нест аз нигоҳи нархи Маскав.

-Шароити коратон чӣ хел аст, Нозим?

-Шароити кор ҳамин аст, ки ба ҷузъ тарабхона ман боз танзими оҳанг мекунам. Дар тарабхона аз соати 7-и бегоҳ то соати 12 кор мекунам. Маоши тозаам 400 доллар мешавад дар як моҳ. Бар ин илова, меҳмонон барои шунидан ягон суруд илтимос мекунанд.

-Аҳли оилаатон ҳам ҳамроҳ бо худатон аст?

-Не, шароити оилаамро овардан надорам ва мушкилам ин аст, ки ҷудоӣ мекашам. Ҷои истиқомат гарон. Ҳарчанд агар оилаам бо манн мебуд, хеле осонтар мебуд, вале имкони оварданашонро надорам.

-Чанд фарзанд доред?

-Ду фарзанд, шукри Худо.

-Салом метавонед гӯед тавассути барномаи мо...

-Ман ба ҳамаи онҳое, ки маро мешиносанд, дуову саломи худамро мерасонам. Боварӣ дорам, ки дурии ман аз Ватан бисёр тӯл намекашад. Мумкин як сол пас меравам ман. Мақсади асосӣ аз ҷиҳати молӣ худамро таъмин кунам. Аммо бармегардам. Камтар ҳам бошад дар ватани худам бошад.

-Нозим, медонед, ки дар Тоҷикистон интихоботи раиси ҷумҳурӣ баргузор шуд. Мардум интизороти зиёде доранд баъзеҳо, баъзеҳои дигар умуман эътимод надорад. Барои шумо ин интихобот маъное дорад?

-Албатта. Муқоиса кардан мумкин, вале мо набояд фаромӯш кунем, ки шаш - ҳафт сол пеш ҷумҳурии мо дар чӣ ҳол буду ҳоло дар чӣ вазъ аст. Ман боварии комил дорам, ки дар оянда беҳтар мешавад, ман умед дорам, ки касе ки набошад, ҳуқуқи мардуми тоҷик риоя шавад. Ман шоҳиди онам, ки мардуми тоҷик дар ин ҷо чӣ ҳоли зор доранду касе ба додашон намерасад. Ғайр аз худамону Парвардигор касе ба ҳоламон намерасад.

Хиромонҷон, ман орзу дорам ва орзуи ман ин аст, ки ҳунармандони тоҷик дар ватани худ кор кунанд. Ман бисёр ҳунармандонро медона, ки дар ин ҷо кори сиёҳ мекунанд. Замини мо аз одамони боистеъдод хеле бой аст. Ман давлати осоиштаву таъминро орзу дорам. То ки ҳунармандони мо ба ин ҷо барои кор наоянд. Балки барои намоиши санъати тоҷик ин ҷо оянд ҳунармандони мо. Ба қадри ҳунармандон бирасанд.
XS
SM
MD
LG