Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қирғизистон: Ҳукумат ва мухолифин созиш мекунанд


Имрӯз дар Жогорку Кенеш - парлумони Қирғизистон тарҳи нави Қонуни асосии кишвар мавриди баррасӣ қарор хоҳад гирифт. Созиш оид ба ин тарҳ дар нишасти комиссиюни муштараки мусолиҳа ба даст омад - ба комиссиюн намояндаҳои ҳукумат ва мухолифин шомиланд.
Интизор меравад, ки дар иҷлосияи Жогорку Кенеш раиси ҷумҳур Қурмонбек Боқиев ва сарвазири Феликс Қулов ширкат кунанд. Мухолифин мегӯянд, дар сурати пазируфта шудани тарҳи нави Қонуни асосӣ тазоҳурот дар маркази Бишкек хотима хоҳад ёфт. Азимбек Бекназаров - вакили парлумон ва намояндаи мухолифин дирӯз ба хабарнигорон гуфт:

Агар рӯзи чаҳоршанбе тарҳи Қонуни асосӣ пазируфта шавад, ин ҳама гирдиҳамоиҳо поён хоҳанд ёфт. Мо, мухолифин, аз аввал изҳор мекардем, ки баъди қабули Қонуни асосӣ намоишҳои эътирозӣ хотима меёбанд.

Ёдовар мешавем, тибқи тарҳи нави Қонуни асосӣ парлумон аз салоҳияти бештар бархурдор хоҳад буд ва бархе аз ваколатҳои раиси ҷумҳур ба ин ургони қонунбарор вогузор мешавад.
Рӯзи сешанбе тазоҳургарон ва ҷонибдорони ҳукумат дар маркази Бишкек бори аввал аз оғози намоишҳои эътирозӣ даст ба гиребон шуданд. Ба иттилоъи расмӣ, се кас ҷароҳат бардоштанд.
XS
SM
MD
LG