Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интишори гузориши интихоботии нозирони лаҳистонӣ


Ҳайати нозирони Лаҳистон (Полша) бо интишори гузориши вижа роҷеъ ба интихоботи Тоҷикистон таъкид кардааст,ки баргузории интихоботи раиси ҷумҳурии Тоҷикистон бо меъёрҳои интихоботи аврупо мутобиқат надорад. Ҳайати нозирони Лаҳистон аз сӯи вазорати умури хориҷаи ҳамин кишвар раванди интихоботи Тоҷикистонро назорат бурданд.

Якуб Боратински раиси ҳайъати нозирони Лаҳистон дар нишасти хабарии худ дар робита ба натоиҷи интихоботи раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар Душанбе гуфт мавориди зиёди ғайриқонунии раӣйдиҳӣ аз ҷумла як нафар ба ҷои аҳли хонавода ва ҳамчунин бидуни шиноснома тавзеъ шудани баргаҳои раъйдиҳӣ ба мушоҳида расидааст. Нозирони лаҳистонӣ аслан дар ду минтақаи пурҷамъияти Тоҷикистон- вилояти Суғд ва шаҳри Душанбеву атрофи он назорат бурдаанд.

Онҳо аз адами ширкати хабарнигорон ба ҳайси нозир дар ҳавзаҳо ва қитъаҳои раъй изҳори тааҷҷуб ва таассуф карданд.Дар гузориши ҳайати нозирони лаҳистонӣ омадааст, ки дар бархе аз қитъаҳои раъй бо ворид шудани мардуми зиёд тартиб ва назорати дуруст имконпазир намешуд.
Қарор аст гузориши комили нозирони лаҳистонӣ дар зарфи ҳафт рӯзи оянда пурра интишор меёбад.
XS
SM
MD
LG