Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чаҳор даста - муддаъии унвони қаҳрамони футболи ҷавонони Осиё


Чаҳор дастаи мунтахаб - Куриёи Ҷанубӣ, Ҷопон, Урдун ва Куриёи Шимолӣ ба бозиҳои ниманиҳоии мусобиқоти қаҳрамонии ҷавонони Осиё, ки дар Ҳиндустон ҷараён дорад, роҳ ёфтанд.

Дар бозиҳои чаҳорякниҳоӣ Куриёи Ҷанубӣ бар Австралия, Ҷопон бар Арабистони Саъудӣ ва Урдун бар Чин бо натиҷаи якхелаи 2 бар 1 пирӯз шуданд. Куриёи Шимолӣ Ироқро бо натиҷаи 2 бар 0 шикаст дод. Бад-ин тартиб дар бозиҳои ниманиҳоӣ рӯзи панҷшанбеи 9 ноябр Куриёи Ҷанубӣ бо Ҷопон ва Урдун бо Куриёи Шимолӣ рақобат мекунанд.

Бар асоси низомнома ин чаҳор дастаи беҳтарини мусобиқоти қаҳрамонии ҷавонони Осиё - 2006, ҳамчунин ба қисмати ниҳоии Ҷоми ҷаҳонии футболи ҷавонон, ки аз 30 июн то 22 июли соли 2007 дар Конодо баргузор мешавад, роҳхат гирифтанд.

Вале тими мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон, ки дар ҳарсе бозии давраи муқаддамотии ин мусобиқот шикаст хӯрд ва аз ҳаққи идомаи мубориза барои ҷавоизи мусобиқот маҳрум гашт, рӯзи сешанбеи 7-уми ноябр ба шаҳри Душанбе баргашт. Бино ба иттилоъи масъулини Федеросиюни футболи Тоҷикистон бозигарони ҷавони тоҷик минбаъд дар бозиҳои мусобиқоти қаҳрамонии ин кишвар, ки аз 9-уми ноябр то 1-уми декабр баргузор мешаванд, ширкат хоҳанд кард.
Нарзуллоҳи Латиф
XS
SM
MD
LG