Пайвандҳои дастрасӣ

Ду рӯз баъд аз эълони ҳукми эъдом Саддом ба додгоҳ баргашт


Искандар

Рӯзи сешанбе собиқ президенти Ироқ Саддом Ҳусайн ба толори додгоҳ баргашт, то ба суолҳои додгустарӣ дар мавриди куштори дастаҷамъии курдҳо посух диҳад. Додгоҳ Саддом Ҳусайнро бо куштори ҳазорҳо курди осоишта дар шимоли Ироқ муттаҳам мекунад.
Рӯзи якшанбе додгоҳ собиқ раҳбари Ироқро бо ҷурми ҷиноят бар зидди башарият ба эъдом маҳкум карда буд. Ба қавли додгоҳ собиқ президенти Ироқ масъули куштори 148 мусулмони шиамазҳаб дар деҳаи Дуҷайл мебошад. Онҳо соли 1982 баъди сӯиқасди ноком ба ҷони Саддом Ҳусайн кушта шуданд.
Имрӯз фурудгоҳи байналмилалии Бағдод дубора фаъол шуд. Дар арафаи эълони ҳукми Саддом Ҳусайн мақомоти ироқӣ фурудгоҳро баста буданд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG