Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кумисюни марказии интихобот Раҳмоновро пирӯз эълон кард


Кумисюни марказии интихобот ва раъйпурсӣ мегӯяд, тибқи шумориши натиҷаҳои интихобот аз рӯи гузориши ҳавзаҳои раъйдиҳӣ номзади ҲХДТ Эмомалӣ Раҳмонов барои ҳафт соли дигар президенти Тоҷикистон интихоб шудааст. Ба иттилоъи ин манбаъ, 79,3 дарсади интихобкунандагон аз номзадии Раҳмонов пуштибонӣ кардаанд.


Тақсими овозҳо дар миёни номзадҳои дигар ба тариқи зайл сурат гирифтааст:


Бобоев Олим, Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ -- 6,2%
Қароқулов Амир, раиси Ҳизби кишоварзӣ -- 5,3%
Талбаков Исмоил, Ҳизби коммунист -- 5,1%
Ғаффоров Абдулҳалим, раиси Ҳизби сотсиалистӣ -- 2,8%


Кумисюни марказии интихобот ва раъйпурсӣ мегӯяд, дар ин байн 1,3%и баргаҳои раъйдиҳӣ беэътибор эълон шуда, дар овоздиҳй 91 дарсади афроди дорои ҳаққи раъй ширкат кардааст.
XS
SM
MD
LG