Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

В. Пехтин: "Нозирони САҲА чун муфаттиш амал менамоянд"


Владимир Пехтин ҳамоҳангсози ҳайати нозирон аз Иттиҳоди кишварҳои ҳамсуд ва муовини раиси Думаи давлатии Русия бо пахши як баёния нозирони Созмони амнияту ҳамкории Аврупо (САҲА)-ро ба дахолат дар интихоботи раиси ҷумҳурии Тоҷикистон муттаҳам кард.

Вай дар нишасти матбуъотии худ дар шаҳри Душанбе баъд аз зӯҳри 6 - ноябр дар бинои Кумисюни марказии интихоботи Тоҷикистон гуфт:


«Мушаххасан агар бигуем нозирони САҲА кушиш мекунанд, на ба ҳайси нозири интихоботӣ, балки чун муаффатиши интихобот амал намоянд. Агар мо меъёрҳои интихоботии кишварҳои Аврупоро ба назар бигирем, мебинем, ки ин меъёрҳо дар ҳеҷ кишвари аврупоӣ ба таври пурра риоят намешаванд. Ин ҷо масъалаи коргирӣ аз меъёрҳо ва ё стандартҳои дугона ба миён меояд, ки дар ин бора ҳарфи зиёд гуфта мешавад. Мо дар мулоқоти дирӯзи худ ин матлабро ба ҳайати нозирони САҲУ дар миён гузоштем, вале мутааcсифона, онҳо инро ба назар нагирифтанд. Фикр мекунам то кунун таҳмили демократия дар ҳеҷ кишвари дунё натиҷаи хубе надодааст».


Бино иттилоъи Кумисюни марказии интихоботи Тоҷикистон раванди интихоботи раиси ҷумҳури ин кишварро 6 - ноябри соли равон 189 нозири хориҷӣ ба намояндагӣ аз САҲА назорат карданд.

Вале дар аксари ҳавзаҳои интихоботии шаҳри Душанбе ҳузури онҳо камранг ба назар мерасид. Талоши Радиои Озодӣ барои сӯҳбат бо гурӯҳе аз нозирони САҲА дар ҳавзаҳои интихоботии рақами 11 ва 12 шаҳри Душанбе бенатиҷа буд. Ин дар ҳолест, ки то кунун ҳайати нозирони созмони мазкур дар баробари баёнияи интиқодомези ҳайати нозирони байнипорлумонии Иттиҳоди ҷомеъаи кишварҳои ҳамсуд расман вокунише нишон надодааст.
XS
SM
MD
LG