Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Номзадҳо аз интихобот розиянд


B> Душанбе< Фарҳоди Милод Ин ҳам дар ҳолест, ки коршиносон мегуянд, вазифаи онҳо аз оғоз на пирўзй буд, балки сохтани як фазои интихоботи озод ва одилона.

Номзадҳо ба мақоми раисҷумҳури Тоҷикистон аз баргузории интихоботи раисҷумҳур изҳори қаноатмандӣ карданд.

Амир Қароқулов, раиси Ҳизби аграрии Тоҷикистон ва номзад ба мақоми раисҷумҳур гуфт, интихоботи кунунӣ шаффоф ва демократӣ баргузор шуд. Вай афзуд:
«Ниҳоят муҳити хуб, ниҳоят вазъи дилхоҳ дилпазир, дилнишин ва рақибони мо, ки талаб мекарданд, шаффоф гузарад, шаффоф гузашта истодааст. Ба созмондиҳандагон ман арзи миннатдорӣ баён мекунам»


Се номзади дигар ба мақоми раисҷумҳур - Абдуҳалим Ғаффоров, раиси Ҳизби сотсиалистӣ, Олим Бобоев, раиси Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ ва Талбак Исмоилов, номзад аз Ҳизби коммунисти Тоҷикистон низ тариқи расонаҳо аз раванди баргузориии интихобот ризоияти худро изҳор доштанд.


Коршиносон бар ин назаранд, ки вазифаи ин чаҳор номзад на мубориза ва пирӯзӣ, балки фароҳам сохтани фазо барои номзади панҷум - Эмомалӣ Раҳмонов пеши ҷомиаи Тоҷикистону ҷаҳон аст. Абдулло Қодирӣ, коршиноси сиёсӣ ҳамчунин ширкати номзадҳоро падидаи мусбат арзёбӣ карда, афзуд:


«Ҳадафи аввали номзадҳо ин мушорикати сиёсӣ ва огоҳӣ додани мардум аз масоили сиёсӣ ва ҷараёнҳое, ки ҳаст. Агарчи баранда нашаванд. Заминаро мусоид месозанд барои маъракаҳои баъдӣ ва аз тариқи он ва мардум огоҳӣ пайдо мекунанд, ки дар ҳақиқат ҳизбҳои дигар ҳам вуҷуд доштаанд»


Бо ин вуҷуд, ҳанӯз маълум нест, ки рақибони Эмомалӣ Раҳмонов чанд дарсад раъйи интихобкунандагонро ба даст хоҳанд овард. Эмомалӣ Раҳмонов, президенти феълии Тоҷикистон дар интихоботи қаблии раисҷумҳур беш аз 95 фисади раъйи мардумро ба даст оварда буд.
XS
SM
MD
LG