Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тазоҳуроти Бишкек густардатар мешавад


Тавре хабарнигори Радиои Озодӣ аз шаҳри Бишкек, пойтахти Қирғизистон иттилоъ медиҳад, даҳҳо ҳазор тазоҳуркунанда баъди фаро расидани шом низ кӯчаҳоро тарк накарданд. Онҳо аз раиси ҷумҳурӣ Курмонбек Боқиев талаб мекунанд, ки ислоҳоти ба таъхир афтодаро пиёда кунад ва ё аз раёсат истеъфо диҳад.
Рӯзи душанбе як ҳайати мухолифин бо раиси ҷумҳурӣ мулоқот карда, аз ҷумла аз ӯ талаб намуданд, ки тарҳи нави қонуни асосӣ ҳарчи зудтар таҳия карда шавад. Як талаби дигари онҳо пароканда кардани ҳукумат будааст.
Ба гуфтаи хабарнигори Радиои Озодӣ, Курмонбек Боқиев изҳор кардааст, ки ӯ аз мақомаш истеъфо нахоҳад дод.
XS
SM
MD
LG