Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сеяки афроди соҳиби ҳаққи раъй овоз додаанд


То соати 2-и вақти Душанбе беш аз 76 дар сади раъйдиҳандагон дар саросари Тоҷикистон бар пои сандуқҳои раъй рафтаанд.


Кумиссиюни марказии интихобот ва раъйпурсӣ мегӯяд, ҳузури раъйдиҳандаҳо дар саросари кишвар то соати ду 76,2 дар садро ташкил додааст. Бино бар арқоми расмӣ аз ҳама фаъолтар сокинони Бадахшон будаанд, ки то соати ду теъдоди раъйдиҳандаҳо 81,8 дар садро ташкил додааст. Аз ҳама камфаъол сокинони Душанбе будаанд. (67,6 %):


Фисади райъҳо дар манотиқи кишвар:


Вилояти Бадахшон - 81,8 %
Вилояти Хатлон - 79 %
Вилояти Суғд - 77,8 %
Навоҳии тобеъи марказ - 72,2 %
Шаҳри Душанбе - 67,6 %


Интихоботи раиси ҷумҳурии Тоҷикистон бар пояи натоиҷи соати 12 -и нисфирӯз баргузоршуда эълон шуд. Қитъаҳои раъйдиҳӣ то соати 20.00 боз хоҳанд буд. Интизор меравад, натоиҷи аввалияи раъйдиҳӣ фардо субҳ (ҳафтуми ноябр) эълом шавад.
XS
SM
MD
LG