Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Э. Раҳмонов намедонад, ки чанд дар сад раъй мегирад


Эмомалӣ Раҳмонов, раиси ҷумҳури Тоҷикистон баъд аз партоби баргаи раъйи худ ба сандуқи раъйдиҳӣ гуфт, ӯ ба мисли ҳамеша барои сулҳ, ваҳдати миллӣ ва осоиштагии мардуми Тоҷикистон овоз дод.


Ҷаноби Раҳмонов, ки дар мактаби рақами 53, дар маркази пойтахт раъй дод, бо хабарнигорон як сӯҳбат анҷом дод ва ба суолҳои онҳо ҷавоб гуфт. Дар посух ба суоли яке аз хабарнигорон дар мавриди он ки чанд дар сад ба назараш раъй хоҳад гирифт, ӯ гуфт, намедонад, ки чӣ теъдод раъй мегирад, ва ин рақам танҳо пас аз эъломи натоиҷи интихобот маълум хоҳад шуд.


Дар мавриди интиқодоте ва шубҳаҳое оид ба шаффофияти интихобот, раиси ҷумҳури Тоҷикистон гуфт, дар ҷаҳон ягон кишваре нест, ки сад дар сад ба меъёрҳои Созмони амният ва ҳамкории Аврупо посухгӯ бошад. Тоҷикистон рушд дорад ва дар муқоиса бо интихоботи гузашта, Эмомалӣ Раҳмонов гуфт, ӯ аз пешрафтҳое дар ин самт қоил аст.


Раиси ҷумҳури Тоҷикистон гуфт, баъд аз панҷ сол вазъ дар Тоҷикистон комилан дигар хоҳад шуд ва сатҳи зиндагии мардум ҳам дигар хоҳад буд.


Эмомалӣ Раҳмонов гуфт, сиёсати хориҷии Тоҷикистон сиёсати дарҳои боз аст ва Тоҷикистон бо ҳамаи кишварҳо ҳамкорӣ хоҳад намуд. Дар посух ба суоли хабарнигорони расонаҳои чиноиву иронӣ раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз сатҳи ҳамкориҳо бо Чин ва Ирон таҳсин хонд ва гуфт, дар сурати пирӯзӣ ин ҳамкориҳо густариш хоҳанд ёфт.


Дар мавриди муносибот бо Русия ҷаноби Раҳмонов гуфт, Тоҷикистон ҳамкор ва шарики стротегии Русия буд ва мемонад. Ва ин ҳама солҳо ин сиёсатро дигар накарда буд. Раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо таҳсин аз нақши Русия дар субот дар тамоми ҷаҳон гуфт, Мо бозӣ накарда будем ва бозӣ надорем.


Эмомалӣ Раҳмонов гуфт, вазъи Афғонистон ба тамоми ҷаҳон таъсир мегузорад ва тамоми кишварҳои ҷаҳон ба субот дар ин минтақа нафъ доранд.


Раиси ҷумҳури Тоҷкистон гуфт, Ман намехоҳам, ки Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ минтақаи рақобат бошад, баръакс, мо ба ҳамкорӣ даъват дорем. Дар ин минтақа аҳдофи ҳатто абарқудратҳо ба ҳам меоянд, аз ҷумла мубориза бар зидди терроризм, экстремизм...
XS
SM
MD
LG