Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар интихобот занҳо фаъолтар ширкат доранд


Гузоришгарони радиои Озодӣ аз қитъаҳои раъйдиҳӣ дар манотиқи гуногуни Тоҷикистон хабар медиҳанд, мардум бонизом ба сӯи қитъаҳои раъйдиҳӣ меравад ва овоз медиҳад.


Сафаргул Олимӣ, ки дар қитъаи рақами 21-и шаҳри Душанбе ҳозир аст, гуфт, дар ин қитъа воқеъ дар маҳаллаи Испечак-2 исми тақрибан 2.500 раъйдиҳанда сабт шудааст ва бино бар ҳарфи хабарнигори Радиои Озодӣ дар ду соати аввал беш аз чаҳорсад нафар раъй додаанд. Ин қитъа яке аз қитъаҳои калонтарини Душанбе бо теъдоди бузурги раъйдиҳандагон маҳсуб мегардидааст. Бино бар мушоҳидаҳои хонум Олимӣ, занҳо бештар фаъол будаанд ва аксари онҳое, ки бар пояи сандуқи раъй меомадаанд, бонувон будаанд.


Гирду атрофи қитъаҳои раъйдиҳӣ тозаву озода ва омодагии хуб ба интихобот эҳсос мегардад. Хабарнигори Радиои Озодӣ дар қитъаи рақами 21-и Душанбе, дар соатҳое, ки ҳозир буд, танҳо аз ду ҳизб нозир дидааст, яке аз ҲХДТ ва дигаре аз ҲИИТ ва ҳарду нозир ҳам ба ӯ гуфтаанд, ки ягон қонуншиканиро эҳсос накардаанд ва интихобот бо риояи қонун ҷараён дорад.


Хабарнигори Радиои Озодӣ, ки худ дар ин қитъа овоз медод, гуфт, дар дохили кобин як намунаи баргаи раъйдиҳиро дидааст ва дар он намуна исми чаҳор номзад хат зада шуда ва танҳо исми номзад аз ҲХДТ, раиси феълии ҷумҳурӣ боқӣ гузошта шудааст.
XS
SM
MD
LG