Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рашт омодаи баргузории интихобот аст


Тибқи иттилоъи масъулини ҳавзаи интихоботии ноҳияи Рашт,200 километрии шарқи пойтахти Тоҷикистон ҳамаи 64 қитъаи раъйдиҳии таъсис ёфта дар ноҳия омодаи қабули раъйдиҳандагон мебошад.Ғайратшоҳ Анваров дабири кумисюни ҳавзаи интихоботии рақами нӯҳи ноҳияи Рашт дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт охирин баргаҳои раъйдиҳӣ тавассути маъмурони ҳавзаи интихоботӣ ду рӯз қабл дар қитаъаҳои раъйдиҳӣ тавзеъ шудаанд. Ҳамчунин ба гуфтаи ӯ дар тамоми қитъаҳои раъйдиҳӣ барои таъмини ширкати фаъоли мардум дар интихобот афзун бар руйхати аслӣ ҳамчунин феҳрасти иловагии интихобкунандагон таҳия шудааст.
Бино ба омори мунташираи кумисюни ҳавзаи интихоботии ноҳияи Рашт дар ноҳияи мазкур 42 ҳазор афроди қобили раъйдиҳӣ сабти ном шудааст.
XS
SM
MD
LG