Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интихобот ва лағви маҳдудидияти барқ дар Тоҷикистон


Бино ба иттилоъи Кумисюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон шурӯъ аз шоми якшанбе то ҳафтуми ноябр дар ҳамаи навоҳӣ ва вилоёти ин кишвар реҷаи интиқоли маҳдуди барқ ба муддати ду рӯз бекор мегардад. Муҳибулло Додоҷонов раҳбари ситоди Кумисюни марказии интихоботи Тоҷикистон ҳадафи чунин тасмимро таъмини фаъолияти мунназами қитъаву ҳавзаҳои интихоботӣ ва ироаи фаврии маълумот роҷеъ ба раванди раъйдиҳӣ арзёбӣ кардааст.Ҳамзамон раҳбари ситоди Кумисюни марказии интихоботи Тоҷикистон гуфт феълан тамоми 68 ҳавза ва 3200 қитъаи раъйдиҳӣ дар кишвар барои қабули раъйдиҳандагон омодааанд.
Мувофиқи муқаррароти Кумисюни марказии интихоботи Тоҷикистон интихоботи раиси ҷумҳурии ин кишвар шашуми ноябр аз соати шаши субҳ оғоз ва то соати ҳашти шом ба вақти маҳаллӣ идома меёбад.
Натоиҷи расмии интихоботи раиси ҷумҳури Тоҷикистон қарор аст танҳо баъд аз даҳ рӯзи баргузории интихобот эълом шавад.
XS
SM
MD
LG