Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Саддом Ҳусайн ба марг маҳкум шуд


Додгоҳи Ироқ имрӯз Саддом Ҳусайн раҳбари пешини ин кишварро бо гуноҳи ҷиноят алайҳи башарият ба ҷазои қатл аз роҳи ба дор овехтан, маҳкум кард. Ҳукм дар ҳоле содир мешуд, ки мақомоти ироқӣ аз тарси боло гирифтани хушунат дар Бағдод ва ноҳияҳое дар атрофи он тадобири шадиди амниятӣ рӯи даст гирифта буданд. Раҳбари пешини Ироқ ҳангоми қироати ҳукм шиорҳои зинда бод мардуми Ироқ ва марг бар душманонро сар дод.




Дар ин додгоҳ Саддом Ҳусайн ва ҳафт тан аз ҳамдастонаш бо иттиҳоми куштани 148 тан аз аҳолии рустои Дуҷайл дар 24 соли пеш муҳокима шуданд. Барзон Иброҳим Ал Тикритӣ бародарандари Саддом Ҳусайн ва Авод Ҳомид Ал Бандар раиси собиқи додгоҳи инқилобии Ироқ низ ба эъдом маҳкум шуданд. Ҳамчунин Тоҳо Ёсин Рамазон муовини раиси ҷумҳури пешини Ироқ ба ҳабси абад ва се муттаҳами дигар ба муҷозотҳое байни 15 ва 7 сол зиндон маҳкум шуданд. Яке аз муттаҳамонро ба далели набуди аснод ва шавоҳид табраъа (сафед) шуд.




Баъд аз эъломи ҳукми Саддом Ҳусайн дар манотиқи курднишин ва ҷануби шиъанишини Ироқ, ки замони ҳукмронии ӯ бисёр азият кашидаанд мардум хушҳолӣ карданд. Иёлоти Муттаҳида ва Бритониё баъд аз судури ҳукм аз ин амр истиқбол карданд. Залмайи Халилзод сафири Амрико дар Ироқ гуфт, баста шудани парвандаи Саддом марҳилаи муҳиме ба сӯи эҷоди як ҷомеаи озод ва фурсате барои иттиҳоди мардум дар Ироқ ба шумор меравад. Раиси ҷумҳури Ироқ Ҷалоли Толибонӣ гуфт, ки муҳокима одилона буд ва аз тарси он ки ибрози назар доир ба ҳукм сабаби боло гирифтани оташи хушунат мешавад, худдорӣ варзид.




Як сухангӯи ҳукумати Ироқ пеш аз ин гуфт, ки ҷазои марг камтарин ҷазоест, ки ба Саддом Ҳусайн лоиқ дидаанд. Вакилони дифоъи Саддом муҳокимаро "масхараи адолат" хондаанд. Дар зодгоҳи Саддом Ҳусайн шаҳри Тикрит ҳазор нафар бо вуҷуди эълом шудани муқарароти убуру мурури маҳдуд, бо аксҳои ӯ дар даст раҳпаймоӣ кардаанд.
XS
SM
MD
LG