Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Оғози интихоботи раиси ҷумҳур дар Тоҷикистон


Имрӯз (шашуми ноябр) се миллиону чаҳорсад ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон, ки ҳаққи райъ доранд, аз миёни панҷ номзад ба мақоми раиси ҷумҳурӣ якеро барои ҳафт соли дигар ба маснади президентӣ интихоб мекунанд.


Соати шаши субҳ ба вақти Тоҷикистон, дар саросари ин кишвар дари 3.200 қитъаи раъйдиҳӣ ба рӯи интихобкунандаҳо боз шудааст. Бино бар маълумоти Кумиссиюни марказии интихобот ва райъпурсӣ, дар кишвар 68 ҳавзаи интихоботӣ ташкил шудааст.


Мирзоалӣ Болтуев, раиси Кумисюни марказии интихобот ва раъйпурсиҳои Тоҷикистон гуфтааст, интизор меравад, наздик ба 90 %-и райъдиҳандагон аз ин ҳаққи худ истифода баранд.


Дар рӯзи овоздиҳӣ, гуфтааст Болтуев, дар ҳар сари ду соат натиҷаҳои ширкати интихобкунандагон ба ситоди номзадҳо, нозирони интихобот ва журналистон расонда хоҳад шуд. Вай гуфтааст, раванди раъйдиҳиро 730 нозири байнулмилал ва 15.000 нозири дохилӣ мушоҳида мекунанд.
XS
SM
MD
LG