Пайвандҳои дастрасӣ

Оё талоши Раҷаби Мирзо ба намоиши эътирозӣ ноком шуд?


Бахши таҳлил Эътирозгарон мегӯянд, онҳоро даҳҳо нафар аз кормандони амниятӣ ва интизомӣ дар либоси оддӣ пешопеш интизор буданд. Вале на танҳо инҳо, балки чандин хабарнигори хориҷӣ низ ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуда буданд.

Хабари ҳабси се намояндаи Ҳизби демократи Тоҷикистон --Раиси созмони душанбегии ҳизб Раҷаби Мирзо, муовини вай Хайриддин Гуляев ва Темур Искандаров (бародари Муҳаммадрӯзӣ Искандаров) ба думболи кӯшиши тазоҳурот ва он ҳам дар арафаи интихобот таваҷҷӯҳи расонаҳои хабарии хориҷиро ба вазъи Тоҷикистон ҷалб кард. Онҳо менависанд, эътирозгарон бо боз кардани шиъору хитобаҳои худ, ки дар онҳо аз вазорати адлияи Тоҷикистон "иҷрои қонун, на фармоишоти сиёсӣ" талаб мешуд, аз тарафи афроди машқдида дар либоси ғайринизомӣ муҳосира шуда, шиъорҳо аз даст онҳо зада гирифта шуд ва таҳти ин фишори ин афрод, эътирозгарон майдончаи назди вазорати додгустариро тарк карданд.

Муддате нагузашта хабар дода шуд, ки се аъзои Ҳизби Демократи Искандаров бо иттиҳоми ширкат дар намоиши эътирозӣ боздошт шуда, худи ҳамон рӯз бо ҳукми як додгоҳи шаҳри Душанбе ба 15 рӯзи зиндон маҳкум шудаанд.

Оё ин чӣ ҳодиса буд ва баёнгари чӣ авзоъе? Аз коршиноси тоҷик Марат Мамадшоев суол шуд, ин аввалин талоши як ҳизби сиёсӣ ба намоиши эътирозӣ дар 9 соли охир оё баёнгари чист, баёнгари афзоиши ҷасорати нирӯҳои сиёсӣ ва ё баракс ба ҳадди охир расидани фишори мақомоти давлат?

"Ба андешаи ман дуввумаш, чаро ки ончӣ бо Ҳизби Демократи Тоҷикистон шуд, хориҷ аз тамоми чаҳорчӯбаҳои қонунӣ буд, ки онро метавон дузди дар рӯзи равшан ва дар пеши чашми тамоми мардум буд. Инро ба дигар навъ тавзеҳ додан мумкин нест. Чанд нафар бо кадом як нафари дигар омад ва ҳизбро аз они худ карданд. Аз ин рӯ ба андешаи ман худи ҳукумат гурӯҳҳои мухолифро то ба ин ҳад овард, ки онҳо ба ҳамин шакл аз манофеъи худ ҳимоят кунанд."

Аммо оё ин аломати тарси ҳукумат аз хурдтарин эҳтимоли ташаннуҷи авзоъст ва ё устуворию омодагии он ба ҷилавгирӣ аз тазоҳурот, пурсидем аз журналисти оппозисюнии тоҷики муқими Маскав, Додоҷони Атовуллоҳ:

"Ин заъф, тарс ва ҳароси ҳукумат аст. Ва ин ҳам шарм накарда дар арафаи интихобот. Интихобот чист? Интихоботи воқеъӣ ин як намоиш, як шӯру шар, ҳамоиш, баҳс, сабқат, талоши изҳори ақида. Демократия ин шиъор нест, оши палав ва шакароб нест, балки ҳамин ҳаққи озодии баён аст. Демократия бисёрҳизбӣ ва ҳаққи мардум ба эътироз аст."

Ва ҳодисаи Душанбе суоли дигареро хам халқ мекунад, ки оё раисҷумҳури наве, ки фардо интихоб мешавад, то кадом андоза намоишҳои эътирозиро таҳҳамул хоҳад кард ва иҷоза хоҳад дод, ки мардум бо ин роҳ афкори худро баён кунад? Марат Мамадшоев:

"Мушкил аст, ҳоло дар ин бора чизе гуфтан, вале рӯшан аст, ки кӣ раиси ҷумҳур хоҳад шуд ва касе ба ин шак надорад. Ин албатта ҷаноби Раҳмонов хоҳад буд. Ба андешаи ман таҳаммули тазоҳуроти эътирозӣ ба омилҳои зиёд вобастагӣ хоҳад дошт. Ва бисёртар ба ҷомеаи байналмилалӣ вобаста хоҳад буд, ки чӣ гуна ба рафторҳои ҳукумат вокуниш нишон хоҳад дод, зеро дар дохили ҷамъияти Тоҷикистон тавре мебинем, ҳеҷ гуна вокуниш эҳсос намешавад."

Албатта, аз нигоҳи дигар ин воқеъа дар пасманзари раванди куллии интихоботи президентии Тоҷикистон метавонад, ҳифзи эътидолу амният дониста шавад. Ҳифзи интихоботи демократӣ аз таҳдиди беназмӣ. Аммо гуфта мешавад, агар интихобот воқеъан демократӣ мебуд, шояд ба талоши тазоҳурот ин гуна баҳо додан мантиқӣ ба назар мерасид. Оё чунин нуқтаи назар дуруст аст. Савол ба Марат Мамадшоев:


"Ин як саҳнаи бисёр дурушт таҳия шудааст, ки зоҳиран ҳеҷ касро наметавонад, мутақоид кунад, ки ин демокросӣ аст. Ин ҳама ба таври сунъӣ ва барномарезӣ шудааст, вале дар воқеъ ҳам ҳеҷ талоше намешавад, ки ин саҳна ҳамчун демокросӣ ҷилва намояд. Ҳамин гуна Тоҷикистон саъй дорад, ба ҷомеаи байналмилал нишон диҳад, ки дар ин ҷо демокросӣ рушд мекунад, вале дар воқеъият ҳеҷ гуна демокросӣ нест ва баръакс аст. "

Ба думболи ин гуфтаҳо навиштаи як хабарнигори Ройтерз ба ёд мерасад, ки интихоботи президентии Тоҷикистонро "мусобиқаи беқаҳрамон" номидааст. Қариб ҳамаи хабаргузориҳои бонуфузи ҷаҳонӣ аз ҳабси демократҳои тоҷик дар арафаи интихобот ва талоши онҳо ба эътироз хабар доданд. Онҳо навиштанд, эътирозгарон мехостанд, андешаи худро ба амали Вазорати адлияи Тоҷикистон дар бобати, ба назари онҳо сабтиноми ғайриқонунии Масъуд Собиров ба ҳайси раиси ҳизби худ, баён кунанд. Аммо шояд дар Тоҷикистон инро оғози ягон рангомезӣ пиндошта бошанд. Раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон Раҳматулло Зоиров, ки ин интихоботро ғайриқонунӣ мешуморад, ба хабарнигори Франс-Пресс гуфтааст, бо зӯрӣ ва фишор пароканда кардани тазоҳурот як амали дигари ғайриқонунист, зеро барои "пикет" ягон хел иҷозаи мақомоти давлат зарур нест.

Аз ин ҳама, ба вижа хабару таҳлилҳои хабаргузориҳои ҷаҳонӣ метавон хулоса кард, ки кӯшиши Раҷаби Мирзо ноком набудааст.
XS
SM
MD
LG