Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рафтори интихобкунанда


Соле буд, ки шӯру ҳаяҷони ошкорбаёнӣ ва бозсозӣ муҳаррики интихобкунандагон буд. Ва ҳам соле ки талоши қудрат, маҳалгароӣ ва эътироз. Cоле буд, ки тарсу хашму силоҳ натиҷаи интихоботро ҳал кард.
Ва ҳам соле буд, соли гузинише байни баду бадтар. Сипас соли интихоботи бидуни интихоб.
Вале оё акнун чи чизе омили тасмимгирӣ дар интихобот аст? Чизе, шахсе, масъалае, абзоре, дарде, орзуе...

ҚОЛИБҲОИ ШУУРИ СИЁСӢ

Агар интихобот ҳақиқист ва кумисюн мустақил аст ва агар номзадҳо дарвоқеъ бовар доранд, ки метавонанд, пирӯз оянд ва дари қасри раёсатҷумҳуриро бо нӯки пояшон боз кунанд, онҳо ба умдатарин ва асоситарин омиле хоҳанд андешид, ки мавзеъгирии мардумро муайян мекунанд. Ва аз ин омил истифодаи хуб хоҳанд кард. Аммо аз рафтори номзадҳо наметавон дид, ки онҳо ба ҳайси чунин омил чиро баргузидаанд. Агар таблиғот, чандон талоше надоранд. Агар барнома, барномаҳо ҷолибу ғайриоддӣ нестанд. Агар фармону фишор, низ начандон намён аст. Пас шояд ин умдатарин омилро наёфтаанд? Кофтем, кофтем, наёфтем.
Хоҳиш кардем, ҳамнафаси мо дар Душанбе, Раҳматкарими Давлат низ ба ин ковишҳо шарик шавад ва маълум шуд, ин омилҳо зиёд будаанд ва умдатаринаш орзуи рӯзгори беҳтар. Орзуи ҷовидонӣ, вале оё расиданӣ?

ПЕШРАФТ Ё ПАСРАФТ

Натиҷаи пажӯҳиши ду маркази афкори умум дар Тоҷикистон дар бобати омилҳо ва шеваи ширкати мардум дар интихобот комилан зидди ҳаманд. Вале шояд ба ҳамин сабаб аст, ки нуқтаҳои пайванди ин хулосаҳо манзараи рӯшанеро падид меорад. Раиси маркази таҳлилии "Сотсиолог" Ғайюр Қаҳҳоров аз пешрафт мегӯяд:

"Пешрафт ин аст, ки раъйдиҳандагон аҳамияти овози худро дар ояндаи кишвар ба хубӣ дарк мекунанд."

Аммо яке аз сарварони маркази таҳлилии "Шарқ", Саъодат Олимова, баракс аз пасрафт ҳушдор медиҳад:

"Рафтори шаҳрвандони Тоҷикистон дар интихобот дар солҳои истиқлолият хеле тағйир ёфт. Дар ҳоле ки аввалин интихоботи давраи истиқлолият ягона интихоботи ҳақиқӣ, ростин ва шаффоф буд, акнун ба аксарияти мардум интихоботи беинтихоб писанд аст. Коршиносони хориҷӣ ҳайрон мешаванд, ки чаро мардум чунин интихоботро меписандад, дар ҳоле ки метавонад, таври дигар амал кунад. Норозӣ аст, вале раъй медиҳад. Ба назари ман, ин як кори бошуурона аст."

Вале оё кадом омилҳо ба тасмими ниҳоии интихобкунандагон таъсир мекунанд, мепурсам, аз Ғайюр Қаҳҳоров:

"Вазъи зиндагӣ, аниқтараш андеша ё орзуи беҳбуди ин вазъ. Оромию осудагии кишвар. Ҳисси миллӣ."

Дар ҳамин ҳол Саъодат Олимова мегӯяд, умдатарин омил ҳифзи ҳолати мавҷуда, ҳифзи эътидол аст.
Вале оё чаро ин эътидол бояд танҳо ба ҳукумати феълӣ бастагӣ дошта бошад? Магар дигарон омили беэътидолиянд? Назҳати исломӣ ин қадар эътидолро дӯст медорад, ки аз ширкат дар интихобот даст кашид. Ва ҳеч кадоме аз ҳизбҳои дигар хостори нооромӣ дар кишвар нест.
Саъодат Олимова:

"Пурсиши ахири мо, ки ба ки, ба фикрам, як моҳ пеш барпо гашт, нишон дод, ки сеяки аҳолӣ бар ин аст, ки дигар ҳизбҳо аслан зарур нестанд. Яъне ҳеч нақше ва маъние дар ҷомеъаи мо надоранд. Бо кӯшишҳои ҳукумат як низоме ташаккул ёфтааст, ки на танҳо аз тарафи элитаи ҳоким, балки аз тарафи мардум низ пуштибонӣ мешавад."

Ташаккур, Саъодат бону ва сӯҳбатро бо шумову ҷаноби Қаҳҳоров идома хоҳем дод, аммо пас аз як нигоҳи амиқтар ба фақру бекорӣ.

ФАҚР ВА ИНТИХОБОТ

Мегӯянд, гушна ба шер задааст. Ва мегӯянд, ба гӯши гушна садои булбул ҳам намефорад. Бо ҳамнафаси ин лаҳзаҳои мо, Далери Ғуфрон, бубинем, оё бенавоиву бекорӣ метавонанд, омили таъйинкунандае дар интихоботи Тоҷикистон бошанд? Маълум мешавад, аслан фақр норозигиро ба вуҷуд меорад ва ноқаноатмандӣ сабаб мегардад, ки интихобкунанда ба номзади ҳукумати феълӣ овоз надиҳад. Аммо аз сӯи дигар, ба иллати он ки ин райъдиҳандаи бенаво асосан ва беш аз ҳама дар фикри сер кардани шиками худу фарзандонаш аст, андешаи амиқи сиёсӣ надорад ва фурсати чунин андеша низ. Бар замми ин фақр сабаб мегардад, одамон аз донишҳои сиёсӣ ва таҳлили сиёсӣ дур монанд. Ин ҳам сабаб мегардад, ё якҷо бо ҳама ва ба монанди ҳама овоз диҳад ва ё умуман дар интихоб ширкат накунад.
Созмонҳои байнулмилал бар инанд, ки муҳоҷирати тоҷикон ба Русия Тоҷикистонро аз таркиши иҷтимоӣ эмин доштааст. Ҳамнафаси мо Саъодат Олимова мегӯяд, орзуи ҳифзи вазъи мавҷуда, статус-кво ва ё "сулҳу оромӣ"(ибораи машҳур дар Тоҷикистон) тасмими садҳо ҳазор нафар аз мардони тоҷик аст, ки ҳоло дар Русия кор мекунанд ва ризқи хонаводаҳоро ба даст меоранд. Онҳо, монанди касоне ки дар ҷабҳа қарор доранд, мехоҳанд, ақибгоҳашон орому осуда бошад.
Аз Ғайюр Қаҳҳоров мепурсам, оё ин омил вуҷуд дорад?

"Бале ин ҳам ҳаст. То андозаи зиёде. Ҳоло бахши асосии аҳолӣ даромади худро аз Русия мегирад ва танҳо оромӣ дар Тоҷикистону муносибатҳои нек бо Русия метавонад, ин манбаъи даромадро нигаҳ дорад. Вале инро як камбуди раҳбарияти кунунӣ низ медонад."

Яъне ҳам тарафдорӣ мекунанд, дар ҳоле ки норозиянд. Ҷойи кор надоранд, даромад надоранд ё даромади ночиз доранд, вале аз ҳукумате, ки натавонистааст, барояшон шароите хуб фароҳам орад, пуштибонӣ мекунанд. Оё ин як таззод нест, мепурсам аз Саъодат Олимова:

"Гап аз он аст, ки аҳолии Тоҷикистон тайи ин солҳои истиқлолият ба худидораи комил гузашт. Он аслан ҳама гуна эътимодро ба ҳукумат аз даст дод ва бовар надорад, ки ин ҳукумат барояш чизе карда метавонад. Фақат орзу дорад, ки аҳолиро ба ҷанг ё фаъолиятҳои густардаи сиёсӣ накашанд. Мардум танҳо ба нирӯи худ бовар дорад, ба худ ва ба хонаводаи худ."

Саъодат Олимова хулоса мекунад, ки ҳоло барои мардум вазифаи ягона ва асосӣ, таъмини рӯзгори худу фарзандон аст. Албатта, ба истиснои ҷавононе, ки баъд аз ҷанги Тоҷикистон ба воя расидаанд ва метавонанд, арзишҳои дигареро думбол кунанд.
Ҳарду ҳамнафаси мо мегӯянд, вазъи феълӣ ҳамин аст ва оё то чанд идома хоҳад кард, касе гуфта наметавонад.


НАЗАРИ РАҲГУЗАРОН

Хеле баҳс кардему андеша ва акнун аз худи мардум шунавем, ки чӣ назар дорад, албатта, аз онҳое ки дирӯз дар хиёбони марказии шаҳри Душанбе бо ҳамнафси мо Нилуфар вохӯрданд, ки садобар ё микрофон дар даст ба пешвозашон омад ва пурсид, ки оё номзадеро баргузидаанд ва ба кадом сабаб?
-- Раҳмонов хуб аст. Сер кардагист, акнун барои мо кор мекунад.
-- Ба ҳеч яке аз онҳо бовар надорам ва овоз намедиҳам.
-- Исмоил Талбаков пешниҳодҳои хубе дорад.
-- Падарам ба касе ки гӯянд, ба вай овоз медиҳам.
-- Ҳанӯз ба як фикр наомадаам, ҳоло вақт ҳаст-ку.
-- Аз номи ман шавҳарам овоз медиҳад. Ҳар касеро ки вай хоҳад, ҳамон президент хоҳад шуд.
Аз омилҳои зиёде гуфтем, ки ба тасмими раъйдиҳандагон таъсир доранд, вале дар ҳамин сӯҳбатҳо шунидед, бонуе мегуфт, ҳарчи шавҳараш гӯяд ҳамон хоҳад буд ва то ӯ зиндааст, тасмими худро иваз нахоҳад кард. Ҳатман фарзандон ба ҳарфи падару модар гӯш хоҳанд дод, онгуна ки пештарҳо колхозчиён ба ҳарфи раиси колхоз. Бале? Коргардони фаннӣ мепурсад, раиси колхоз, яъне кӣ? На оне ки ту мегӯӣ, раиси колхоз набуд, директори совхоз буд. Хуб, ҳоло бизан сафҳагардониро.

АНГЕЗАҲО

Тасмими калони хона, сухани сарвари оила.
Як ҷавон як ҳокимро аз телевизион медиду сахт танқид мекард ва ба ӯ гуфтанд, интихобкардаи худат. Гуфт, на, интихобкардаи падарам. Гуфтанд, пас аз падарат норозӣ бош, на аз раҳбар.
Бо ҳамнафаси дигари мо дар Душанбе, Каюмарси Ато бубинем, оё тасмими интихоботиро дар хонавода кӣ мегирад. Маълум шуд, асосан тасмими бузургтарон сабаб мешавад, ки аъзои хонавода ба ин ё он номзад раъй диҳанд.
Ним соати дароз бо шумо ҳамнафас будам, вале боз ҳам надонистам, ба гузашта бояд аз боло ба поён нигарист ва ё аз поён ба боло.
Ҳисси шашум мегӯяд, шояд на ину на он, балки ба пеш бояд нигоҳ кард, вале бо камоли донистакорӣ ва истиқлолияти андеша.
XS
SM
MD
LG