Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Омодагии мақомоти Тоҷикистон ба интихоботи раисиҷумҳур


Мирзоалӣ Болтуев, раиси Кумисюни марказии интихобот ва раъйпурсиҳои Тоҷикистон гуфтааст, дар кишвар ҳамаи шароити баргузории як интихоботи озод ва одилона фароҳам шуда, интизор меравад, наздик ба 90 дарсади райъдиҳандагон аз ин ҳаққи худ истифода кунанд. Дар рӯзи овоздиҳӣ, гуфтааст Болтуев, дар ҳар сари ду соат натиҷаҳои ширкати интихобкунандагон ба ситоди номзадҳо, нозирони интихобот ва журналистон расонда хоҳад шуд. Вай гуфтааст, раванди раъйдиҳиро 730 нозири байнулмилал ва 15 ҳазор нозири дохилӣ мушоҳида хоҳанд кард.


Раиси Шӯрои амнияти миллии Тоҷикистон Амирқул Азимов дар сӯҳбат бо хабаргузории ИТАР-ТАСС ҳама гуна эҳтимоли ноором шудани вазъи кишварро дар ҷараёни интихобот рад кардааст. Вай гуфтааст, нирӯе ки тавонад, чунин нооромиро ба амал орад, дар кишвар вуҷуд надорад ва интихобот дар фазойи орому осуда хоҳад гузашт. Аммо ду рӯз пеш аз интихобот, дар шаҳри Душанбе кӯшиши гурӯҳе аз мухолифони давлат ба баргузории тазоҳуроти эътирозӣ дар назди вазорати адлияи Тоҷикистон бо ҳабси се намояндаи Ҳизби демократи Муҳаммадрӯзӣ Искандаров анҷомидааст.
XS
SM
MD
LG