Пайвандҳои дастрасӣ

Интихоботи Тоҷикистон: Нигоҳе аз берун


ИТАРТАСС ДПА АП Ройтерз Хабаргузориҳои ҷаҳонӣ дар остонаи интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон ба баррасии вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоии ин кишвар пардохтаанд.

Хабаргузории бонуфузи Ройтерз менависад, Эмомалӣ Раҳмонов, раисҷумҳури Тоҷикистон дар интихоботи шашуми ноябр бо рақибони камшӯҳрате рӯбарӯ хоҳад буд, ки ҳаргиз ӯро танқид накардаанд ва ширкати онҳо дар интихобот бо мақсади эҷоди фазои сабқати демократӣ имконпазир шудааст.
Дар қиёс бо интихоботҳои гузашта, ки орзуи зиндагии беҳтар муҳаррики онҳо буд, менависад, Ройтерз, акнун дар рӯҳияи мардум бетаваҷҷӯҳӣ ва нобоварӣ ба мақомоти расмӣ бартарӣ пайдо кардааст.
Хабаргузории олмонии ДПА менависад, бо вуҷуди сиёсатҳои худхоҳонааш, интизор меравад, аксарияти раъйдиҳандагон дар Тоҷикистон, аз номзадии президенти феълӣ Эмомалӣ Раҳмонов пуштибонӣ хоҳад кард.
Ба навиштаи Ассошиейтед Пресс, дар интихоботи Тоҷикистон ягон аломати сабқат ба назар намерасад, барномаи ҳамаи номзадҳо ба ҳам монанд аст ва ҳеҷ кадоми онҳо, олтернативаи сиёсие дар баробари Раҳмонов шумурда намешаванд.
Дар идомаи хулосаи матолиби хабаргузориҳои ҷаҳонӣ ва дар бобати сабаби вазъи феълӣ.
Ба ақидаи Франс Пресс дар маркази рақобатҳои стратегии қудратҳои бузург қарор гирифтани Тоҷикистон сабаб гаштааст, ки ба навоқиси ислоҳоти сиёсии ин кишвар таваҷҷӯҳи камтар дода шавад.
Аммо хабаргузории русии ИТАРТАСС ба нақл аз сафири Русия дар Тоҷикистон гуфтааст, ҲНИТ дигар нирӯи сиёсие нест, ки ба таносуби қувваҳо дар кишвар таъсир дошта бошад.
ИТАРТАСС бо манзаранигорие аз арафаи интихоботи Тоҷикистон менависад, дар Душанбе шӯру ҳаяҷони мусобиқаи интихоботӣ ба мушоҳида намерасад.
Дар ҳоле ки дар пойтахти Тоҷикистон чунин вазъият ҳукмфармост, табъан даҳҳо ҳазор муҳоҷири тоҷики муқими Русия метавонанд, аз сабқати интихоботӣ иттилоъи боз ҳам камтаре дошта бошанд. Гурӯҳе аз онҳо мегӯяд, ҳатто аз рӯзи баргузории интихобот огаҳӣ надорад.
Ва дар ин байн аз Ню Йорк хабар расид, ки Кумитаи байнулмилалии дифоъ аз журналистон вазъи дастрасии интихобкунандагони тоҷикро ба маълумот нигаронкунанда номид. Мудири омили ин созмон Ҷоэл Симон гуфтааст, ки бе дастрасӣ ба маълумоти шаффоф ва пурра раъйдиҳандагон наметавонанд, интихоби донистае анҷом диҳанд.
XS
SM
MD
LG