Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бехабарӣ ва нигарониҳои муҳоҷирон аз натиҷаҳои интихобот


Абдуалим Каримов, бинокори тоҷик гуфт, ҳеёҷ кас барои ошно кардани мо ба интихобот наомадааст ва намедонем номзад кист ва дар Маскав кай овоздиҳӣ мешавад.

Дар ҳамин ҳол Қодири Алӣ муҳоҷири дигар тоҷик дар Маскав мегуяд , аз интихоботи президентии Тоҷикистон, номзадҳо, ҷараёни ройдиҳии пешакӣ дар Русия огоҳ аст, вале ин чун солҳои пеш аз як маъракаи саҳнасозишуда чизе беш нест. Вай афзуд:

"Ман 13 сол дар Маскав бо хонаводаам зиндагӣ мекунам ва дар чандин интихобот ширкат кардам. Вале интихоботи имсола бештар дар фазои ғайридемократӣ мегузарад. Ба далели ин ки ҳама чиз таҳти назари танҳо сафорат ва тобеъони онҳо мегузарад. Ман бовар дорам ки ширкат кардан ва ё накардани муҳоҷирон дар интихобот натиҷае надорад. Натиҷа ин аст ки гузориш медиҳанд - ҳама барои Раҳмонов овоз доданд."

Ҳамзамон лозим ба ёдоварист, ки бино ба назархоҳии анҷомдодаи Бунёди байналмиллалии системҳои интихобот 58 дар сади муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия гуфтаанд, ки дар интихобот ширкат намекунанд. Натиҷаи пажуҳиш нишон додааст 63 дар сади муҳоҷирон бад ин боваранд, ки рой онҳо дар тасмимгириҳои ҳукумат нақше надорад.

Ба гуфтаи муаллифи гузориш Энтон Бовиёр бо назардошти теъдоди зиёди муҳоҷирони кори ки бархурдор аз ҳаққи рой ҳастанд. агар барои онҳо шароити дурурсти ройдиҳӣ фароҳам созанд, ширкати онҳо ба интихобот таъсири чашшмгире хоҳад дошт. Дар идомаи гузориш омадааст, шаҳрвандон бояд дар интихоботи сулҳомези роҳбарони кишварашон мушорикат дошта бошанд, то онҳоро масъули идомаи рушди сиёсӣ ва иқтисодии Тоҷикистон қарор бидиҳанд.

Тибқи тахминҳо беш аз як миллион нафар мардуми Тоҷикистон асосан дар Русия ҳастанд, ки аз ҳафт, як дарсади ҷамъияти кишвар ва шумораи зиёди мардуми бархурдор аз ҳақи ройро ташкил медиҳад,-омадааст дар гузориши Бунёди байналмиллалии системҳои интихобот.

Дар ҳамин ҳол комисиюни эъзомии интихоботи президентии Тоҷикистон дар Русия интизор дорад, ки дар ройдиҳи то 200 ҳазор ширкат мекунад.
Овоздиҳии пешакии муҳоҷирони тоҷик рузи 31 октябр шуруъ шудааст ва то 6 ноябр он дар 28 шаҳри бузурги Русия баргузор хоҳад шуд.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG