Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ангезаҳои гузиниши президент


Дар барномаи навбатии мо бо мадади ҳамнафасон Раҳматкарими Давлат, Нилуфари Собир, Далери Ғуфрон, Каюмарси Ато омилҳои асосии бовари интихобкунандагон ба ин ё он номзад мавриди пажўҳиш қарор гирифтаанд. Ҳамчунин дар гуфтумоне бо сарони ду маркази пурсиши афкори умум Саъодат Олимова аз маркази "Шарқ" ва Ғайюр Қаҳҳоров аз созмони "Сотсиолог" руҳияи куллии раъйдиҳандагон, таъсири вазъи сиёсию иқтисодию ичтимоии кишвар ва таблиғоти интихоботии номзадҳо муайян гаштаанд. Агар мехоҳед, бидонед, ки чаро интихобкунандагон аз вазъи зиндагии худ норозиянд, аммо боз ҳам интихоби онҳо бештар бо номзади ҳизби ҳоким аст, ин барномаро бо "ангушт" задан ба рамзи баландгу дар канори сарлавҳа бишнавед. Ва агар Шумо низ фикру андешае доред, ба мо бинависед.
XS
SM
MD
LG