Пайвандҳои дастрасӣ

"Crazy" - беҳтарин дар Аврупо


Муҳимтарин рӯйдоди ҳунарии байналмилалӣ дар ҳафтаи ҷорӣ натиҷагирии сабқати байналмилалии MTV Аврупо будааст.

Овозхон Ҷастин Тиберлейк (Justin Timberlake) ва дуэти ҳип-ҳопи Гнарлз Беркли (Gnarls Barkley) шоми панҷшанбе дар Копенҳаген ҳар як ба бурдани ду ҷоизаи ин озмуни бонуфузи ҳунарӣ муваффақ шуданд. Тимберлейк беҳтарин хонандаи мард ва беҳтарини хонандаи поп унвон шуд. Гнарлз Беркли беҳтарин хонандаи нав ва барои оҳанги "Crazy" унвони хонандаи беҳтарин таронаи солро ба худ ихтисос дод. Дастаи собиқадори "Ред ҳот чилли пепперс" (Red Hot Chili Peppers) дар чаҳор бахш номзад ба бурдаи ҷоизаи имсолаи MTV Europe эълон шуда буд, аммо ниҳоятан танҳо дар як бахш, яъне - албоми беҳтарини сол (барои Stadium Arcadium) пируз омад. Дар миёни дигар барандаҳои ҷоизаи имсолаи MTV Europe исми Кристина Агиллера (Christina Aguilera) чун хонандаи беҳтарини зани соли 2006, хонум Риҳанна (Rihanna) чун овозхони боистеъдоди жанри R&B ва Кение Вест (Kanye West) иҷрокунандаи беҳтарини жанри ҳип-ҳоп шинохта шуданд.

Маросими супурдани ҷоизаи MTV Europe имсол барои бори 17-ум баргузор шуд. Шоми 2 ноябр ин маросим тавассути 17 шабакаи телевизионӣ намоиш дода шуд.
XS
SM
MD
LG