Пайвандҳои дастрасӣ

Раъйдиҳии пешакӣ дар Русия идома дорад


Намояндаи вазорати кор ва таъминоти иҷтимоъии Тоҷикистон дар минтақаи Урали Русия Иброҳим Абдуллоев хабар дод, ки рӯзи панҷшанбе дар вилояти Челбинск овоздиҳии пешакӣ ба интихобти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон ба охир расид ва дар он якуним ҳазор нафар муҳоҷирони тоҷик ширкат карданд.
Дар вилояти Ярославл раъйдиҳӣ ду рӯз идома кард.


Райиси иттиҳодияи тоҷикони муқими Перм Раҳматулло Мазориев хабар дод, ки раъйдиҳӣ дар ин ҷо рӯзи панҷшанбе шурӯъ гардид ва то 4 ноябр идома меёбад. Раъйдиҳии пешакӣ ба интихоботи раёсати ҷумҳури Тоҷикистон дар Русия бо ҳамдастии сафорати Тоҷикистон, намояндагии вазорати кори Тоҷикистон ва созмонҳои тоҷикони муқими Русия мегузарад.


Дар бархе аз ҳавзаҳои интихоботии Русия нозирон аз Созмони Ҳамкориҳои иқтисодии Уруосиё ширкат доранд. Раъйдиҳандагон ба барномаыои довталабони чавкии раёсати ҷумҳури Тоьикистон дар ҳавзаҳои раъйдиҳӣ ва аз тариқи рӯзномаи ҳукуматии «Тоҷикони Россия» шинос мешаванд.


Ба ҷуз аз Раҳмонов, дигар номзадҳо дар Русия нозир надоранд. Ба гуфтаи дастандаркорони баргузории раъйгирии пешакӣ дар Русия ба далели камии нирӯи корӣ имкони фарогири тамомии муҳоҷиронро надоранд.

Дар ҳамин ҳол намояндагии вазорати кори Тоҷикистон дар Русия эълом кардааст, барои ҳаракати озоди муҳоҷирон дар рӯзҳои раъйдиҳӣ бо мақомоти пулиси Русия тавофуқ ҳосил шудааст ва аммо ба ҳар ҳол ба макони таҷамӯъъи бештари муҳоҷирони корӣ сандуқҳои сайёр фиристода мешавад.


Бино ба хабари кумиссиюни эъзомии интихоботи президенти Тоҷикистон дар Маскав, раъйдиҳии пешакӣ дар Русия 31 октябр оғоз шудааст ва шашуми ноябр ҷамъбаст хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG