Пайвандҳои дастрасӣ

Иддаои Феликс Қулов дар робита ба тазоҳурот


Нахуствазири Қирғизистон Феликс Қулов имрӯз, 3 ноябр гуфт, мақомоти расмӣ мадорике дар даст доранд, ки мухолифин мехоҳанд, ба хотири ғасби қудрат қароргоҳҳои ҳукуматиро ишғол кунанд. Феликс Қулов ҳангоми суханронӣ дар назди вакилони мардумӣ як сабти сӯҳбати телефониро гузошт, ки ки гӯё раҳбарони мухолифин доир ба қасди худ дар он сӯҳбат мекунанд.


Вай ҳамчунин гуфт, маъмурони амниятӣ як дискеро забт кардаанд, ки дар он нақшаи ишғоли қароргоҳҳои ҳукуматӣ дар шаҳри Бишкек ва манотиқи дигар сабт шудааст.

Нахуствазири Қирғизистон Феликс Қулов имрӯз гуфт, ки ба ҳар гуна талош барои ноамн кардани вазъият, посухи муносиб ва дар чаҳорчӯбаи қонун дода хоҳад шуд.


Бахши қирғизии Радиои Озодӣ гузориш дод, ки имрӯз 2 ҳазор нафар тазоҳургари осоишта ба сӯи ҳукумати шаҳри Бишкек ва телевизиони давлатии Қирғизистон раҳпаймоӣ кардаанд.


Рӯзи панҷшанбе 15 ҳазор нафар аз пайравони мухолифини ҳукумати Қирғизистон дар муқобили қароргоҳи ҳукумат тазоҳуроти эътирозӣ баргузор карда ва хостори ислоҳи Қонуни Асосӣ ва дигар ислоҳот дар кишвар шуданд. Мухолифин мехоҳанд, бо ислоҳи Қонуни Асосӣ аз қудрати раиси ҷумҳур кам карда шавад.
XS
SM
MD
LG