Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интиқоли баҳси мавзӯъи Роғун ба Шӯрои амнияти Русия


«Коммерсант» - рӯзномаи бонуфузи русии чопи Маскав навиштааст ҳукумати Русия дар садади таҳияи санадест, ки бар асоси он дар назар аст ба ҷои ширкати Русал дар сохтмони нерӯгоҳи Роғун ширкати РАО ЕЭС- ин кишвар ҷалб гардад.

Ба навиштаи рӯзномаи мазкур барои сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғун Русия қасд дорад тавассути ширкати РАО ЕЭС 1 миллиард доллари амрикоӣ ҷудо созад. Масъалаи нерӯгоҳи Роғун дар дар ҳоле дар Маскав мавриди таваҷҷӯҳ қарор мегирад, ки як ҳафта қабл Эмомалӣ Раҳмонов раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз кундии раванди иҷрои тарҳи сохтмони нерӯгоҳи Роғун тавассути ширкати Русал интиқод намуд ва гуфт Тоҷикистон шурӯъ аз соли 2007 мустақилона ба сохтмони нерӯгоҳи Роғун оғоз менамояд.


Рӯзномаи »Коммерсант» иттилоъ медиҳад бо таваҷҷӯҳ ба чунин вазъ Русия қасд дорад дар сохтмони нерӯгоҳи Роғун ба ҷои ширкати Русал - РАО «ЕЭС -и Русия» - Ширкати шабакаҳои воҳиди барқи ин кишварро ҷалб намояд. Вале «Коммерсант» таъкид намудааст идомаи ҳамкорӣ бо ҷониби Русия дар заминаи тарҳи сохтмони Роғун баъид ба назар мерасад зеро, меафзояд нашрия ба эҳтимоли зиёд Тоҷикистон алоқаманд аст дар умури сохтмони нерӯгоҳи Роғун Покистонро ҷалб созад.
XS
SM
MD
LG