Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Камрангии ширкати занони тоҷик дар интихобот


Зарафо Раҳмонӣ, намояндаи Ҳизби Наҳзати Исломи Тоҷикистон яке аз ширкатдорони ин ҳамоиш мегӯяд, ҳузури занон дар ҳаёти сиёсии кишвар, ба хусус дар интихобот камранг аст ва занҳо аз худ масъулияте нишон намедиҳанд:

«Ин ҷо дар масъалаи квота баҳс зиёд шуд ва гуфтанд беҳтар аст, ки тариқи квота занҳо ба порлумон ва интихобот роҳ ёбанд, аммо ба назари ман квота илоҷи мушкил наметавонад бошад. Зеро квота занҳоро боз ҳам танбал ва каммасъулият мекунад ва боз ҳам занҳои шоиста дар канор мемонад.»

Ян Смит, намояндаи IFES, коршиноси масоили сиёсӣ ва ҳуқуқи башар дар суханрониаш дар ҳамоиши мазкур гуфт, мушоҳидаҳо аз интихоботи гузаштаи Тоҷикистон нишон медиҳанд, ки бахши аъзами занҳои тоҷик, бахусус дар деҳоти ин кишвар, нақши раъйи худ дар интихобот ва маъракаҳои дигари сиёсиро дарк намекунанд ва ба ин васила имкон медиҳанд, ки мардумсолорӣ дар оила ва ҷомеъаи Тоҷикистон боз ҳам густариш ёбад. Ӯ гуфт, дар аксар маворид падарону писарон ва шавҳарон ба пойи сандуқи раъй мераванд ва ба ҷойи занҳо овоз медиҳанд.

Ва аммо таҳлилгарони маҳаллӣ бар ин назаранд, ки баргузории чунин давраҳои омӯзишӣ барои занҳои деҳоти кишвар бештар аҳамият доштааст, зеро занону духтарони деҳотӣ бино ба мушкилоти зиёди иқтисодиву иҷтимоӣ, мушкилоти зиёд дар соҳаи мухобирот, камбуди барқ дастрасӣ ба иттилоот надоранд ва аз дигаргуниҳои бузургу муассир дар ҳаёти сиёсии ҷомеъа дар канор мондаанд. Абдулло Қодирӣ, коршиноси масоили сиёсӣ:

«Чунин ҳамоишҳо ва давраҳои омӯзиширо созмонҳои байналмиллӣ ҳамеша дар Душанбе баргузор мекунанд. Ҳол он ки мардуми деҳа ба хусус занҳои деҳот бештар ба мушкилоти камиттилоъӣ ва ноогоҳӣ дучор мебошанд.»

Мувофиқи омор, 54 %-и аҳолии Тоҷикистон ва инчунин беш аз 50 дар сади раъйдиҳандагонро дар кишвар занҳо ташкил медиҳанд.
XS
SM
MD
LG