Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чаро баҳси телевизионӣ вуҷуд надорад?


Салом ба дӯстон!
Ба фикрам, ин ҷои тааҷҷуб надорад, чунки ҳама огоҳ аст, ки дар Тоҷикистон калимаи озоду озодӣ аз қомуси тоҷикӣ дур шудааст.
Ва ман дар тааҷубам, ки Раҳмонов то ҳол тарс дорад, охир Тоҷикистон аз худаш аст ку!!!
Мо Тоҷикистона ба вайа хайрот додагӣ.
Бо эҳтиром
Ҳамсадо
--------------------------------------

Салом ба ҳамаи мардуми Тоҷикистон!
Имрӯз мо дар як маъракаи сиёсӣ Тоҷикистон қарор дорем, ки дар ин маърака мансаби шоҳи давлатамон ҳал мешавад.
Бародарон, ман аз сиёсати пешгирифтаи роҳбари давлатамон Раҳмонов Эмомалӣ Шарипович розӣ ҳастам, розӣ мемонам чун, ки мо мардуми Тоҷикистон зиёда аз 93 % дини мубини исломро пайрави мекунем имруз махсусан мо мусулмонон метавонем дар кадом минтақаи кишваррамон расму ойни динамонро пешбарем дар кадом гӯшаи кишвар бошем намози худро бихонем худо накунаду дар сари давлат як шохси бе адл ояду моро аз ин корҳо манъ кунад ба инаш чи мегуем ? мо имруз бояд шукронаи ин хел сарвари давлатро кунем , ки Худванди бузург моро ин шахси одилро лоик дидааст.
бо эҳтиром Тилло.
----------------------------------------

Шумо аз гови нар шир мехоҳед.
Ин "интихобот" худ аслан мабнӣ бар кадом Қонуни интихоботи президенти Тоҷикистон мегузарад, ки боз дар он мубоҳисаи телевизионӣ ҳам бошад?!
Инҷо Торикистон аст, на Урупо ё ҳадди акалл Афғонистон.
Ба умеди рӯзҳои равшан,
Мунаввар.
------------------------------------------

Дӯстони гиромӣ!
Вақте ки дар тамоми ин корзор бӯе аз рақобати асил ва сабқат намеояд, табиист, ки дар симои кишвар низ ба ҳеч гуна худсарӣ (самовольщина) роҳ нахоҳанд дод.

Ва танҳо радиои Озодист, ки ба эҳтироми забони давлатӣ эътибор дод. Бубинед, ки номи номзадҳо на аз рӯи алифбои тоҷикӣ, балки русӣ чида шудааст. Агар ин гуна намебуд, номи Қарокулов дар ҷои 4 ва Ғаффоров дар ҷои 5 меомад. Ин аст, Тоҷикистон!

Мӯҳсин Д.
----------------------------------------

Аз Озодӣ: Озодӣ ҳаққи вироиши назарҳоро барои худ ҳифз мекунад. Номаҳое, ки дорои тавҳин ё таҳдид ба касе ё чизе ҳаст ё беш аз андоза дароз аст, дар шакли ибтидоии он мунташир нахоҳад шуд. Зимнан, ҳич назаре дар Майдони Баҳс баёнгари дидгоҳҳои Озодӣ нест.
XS
SM
MD
LG