Пайвандҳои дастрасӣ

Русия ба Тоҷикистон чархболҳои низомӣ медиҳад


Дар назар аст, имрӯз (сеюми ноябр) дар фурудгоҳи низомии Айнӣ, 20 - километрии ғарби шаҳри Душанбе маросими расмии таҳвили чархболҳои низомии Русия ба Тоҷикистон баргузор шавад.


Вазорати дифоъи Русия ду чархболи низомии МИ-8 ва ду чархболи низомии навъи МИ- 24-ро дар ихтиёри нерӯҳои низомии ҳавоии Тоҷикистон қарор медиҳад.


Бино ба иттилоъи Вазорати дифоъи Тоҷикистон, кӯмаки фаннии Вазорати дифоъи Русия билоиваз буда он дар чаҳорчӯби ҳамкориҳои низомии Маскаву Душанбе сурат мегирад. Фаридун Муҳамадалиев, сухангӯи Вазорати дифоъи Тоҷикистон дар ин замина ба радиои Озодӣ гуфт, дар маросими таҳвили чархболҳои низомии Русия қарор аст, фармондеҳи кулли нерӯҳои ҳавоии низомии ин кишвар Владимир Михайлов низ ширкат биварзад.


Артиши Тоҷикистон соли 1993 соҳиби нерӯҳои ҳавоӣ- низомӣ шудааст. Вале бо гузашти 13 сол аз ин таърих Тоҷикистон дар заминаи таъмини нерӯҳои ҳавоии низомии худ бо чархбол ва ҳавопаймоҳи ҷангӣ бо мушкил рӯ ба рӯ будааст. Феълан, нерӯҳои ҳавоии низомии Тоҷикистон танҳо теъдоди маъдуди чархбол ва ҳавопаймои низомии сохти пешинаи Русияро дар ихтиёр доранд.
Холиқи Сангин, Душанбе
XS
SM
MD
LG