Пайвандҳои дастрасӣ

Интихобот дар саҳафоти нашрияҳои чопи Душанбе (Аксҳо)


"Озодӣ"

То интихоботи раиси ҷумҳури Тоҷикистон чанд рӯз ва чанд соати башумор мондааст. Нашрияҳои Тоҷикистон дар саҳафоти аввали шумораҳои ҳафтаи ояндаи худ аллакай акси бузурги раиси ҷумҳури тозаинтихобшударо чоп хоҳанд кард. Ва аммо ин ҳафта назарҳо ва таҳлилҳои зиёде дар мавриди интихобот нашр шуда буд. Аз ҷумла, назари ҷавонони кишвар дар «Бизнес и Политика» нашр шуда буд.


Ва аммо нашрияи дигари русизабони чопи Душанбе, «Азия-Плюс» назари номзабон ба мақоми раиси ҷумҳури Тоҷикистон ва аммо дар бораи варзиш дар Тоҷикистонро пурсон шудааст. Ба масъули саҳифаи варзиши ин нашрия сӯҳбат танҳо бо ду номзад муяссар шудааст.


«Адолат»-и Ҳизби демократи Масъуд Собиров имрӯз ва ояндаи сиёсии ҳар чаҳор рақиби имрӯзаи Раҳмоновро зери суол бурдааст. Нашрия гуфтааст, исми ин чаҳор номзад дар баргаҳои раъйдиҳии интихоботи соли 2014 нахоҳад буд. Муаллифи матлаб гуфтааст, ин чаҳор номзад худ Раҳмоновро пешвои асосӣ мешуморанд.


Матлаби саҳифаи аввали «Ҷавонони Тоҷикистон» низ тарғибгари Эмомалӣ Раҳмонов буд. Нашрияи Кумитаи кор бо ҷавонони Тоҷикистон пирӯзии Раҳмоновро пирӯзии ҷавонон номидааст.


Рӯи матлаби интихоботии нашрияи «Факти и Комментарии»-ро низ акси Эмомалӣ Раҳмонов оро медод. Ва аммо он матлаб сӯҳбате буд бо В. Рушайло.
XS
SM
MD
LG