Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳафт соли дигари.....


Ҳафт соли дигари Раҳмонов


«Миллат» - ҳафтаномаи сиёсӣ ва таҳлилӣ зери унвони чолишҳои пеши рӯи Раҳмонов зарфи ҳафт соли дигар мепардозад ва менависад, ҷаноби олӣ худ мардумро раҳо кунед, аз фасод аз, масъулини беҳунар ва хушомадгӯ. Нависандаи ин матлаб фасоди идорӣ, маҳалгароӣ, усули садоқатсолорӣ, хушомадгуӣ ва савқ ҷомеа ҷониби авторитаризм ё худкомагӣ, ҷунбишҳои тундрави мазҳабӣ ва адами тафаккури воҳиди миллиро аз ҷулмаи чолишҳои пеши руи раиси ҷумҳури оянда донистааст. Ин нашрия менависад, ҳар ҳукумати вобаста ба фасоди густарда дер ё зуд дучори бӯҳрон мешавад ва суқут мекунад. Ва мушкили умдаи давлати Тоҷикистон мавҷудияти фасод аст.

Нависандаи ин матлаб ҳамчунин гуфтааст, то замоне, ки барои шаҳидони ҷанг фотиҳаи ом хонда нашавад ва то замоне, ки як ҷониби ҷанги дохилӣ имтиёз дошта ва ҷониби дигар надошта бошад, то замоне, ки куштагони як ҷониб шаҳид ва куштагони ҷониби дигар қаҳрамон ва барқароркунандаи сохти конститутсионӣ унвон мешаванд, сулҳи Тоҷикистон ниҳодина ва мантиқӣ нашуда ва раиси ҷумҳури навро андеша сари ин масоил ҳатмист.

«Миллат» навиштааст, аз истифодаи ноҷои ҷаноби олӣ бояд даст кашид ва Раиси ҷумҳур бо атрофиёни хушомадгӯ ва манфиатгарои худ, ки миёни ӯ ва мардум садд эҷод кардаанд, бояд худоҳофизӣ кунад.



Ҳафт соли дигари раиси ҷумҳури нав


Аммо «Наҷот» - нашрияи ҲНИТ зери унвони «Интихоб мекунем, вале президенти тозаинтихоб оё камбудиҳоро ислоҳ мекунад?», ба масоили баъди интихобот пардохтааст. Нависандаи ин матлаб пешниҳод кардааст, ки раиси ҷумҳури нав бояд аз нирӯ ва имкони шахсиятҳое назири Бурӣ Каримов ва Тоҳири Абдуҷаббор дар даври раёсати ҷумҳурӣ кор бигирад ва Бозор Собир шоири тавонманди тоҷики муқими Амрикоро ба ватан боз гардонад.

«Бизнес и палитика», нашрияи русизабони чопи Душанбе низ дар сармақолаи худ ба интихобот ва вазифаҳои ҳукумати нав пардохта ва шакл додани тафаккури миллӣ ва ташхиси авлавиятҳои миллӣ ва ё идея ё ормони миллиро аз вазифаҳои аслӣ донистааст.


Ҳафт соли дигари рақибони ҳолинаи Раҳмонов


Аммо «Адолат» - нашрияи ҲД Масъуд Собиров ба баррасии сарнавишти номзадҳои ғайри Раҳмонов пардохта ва нивиштааст, инҳо демократия ва интихоботро ба бозӣ гирифтанд ва ҳама шанси имрӯз ва фардои худро аз даст додаанд. Нависандаи ин матлаб меафзояд, аз ҳама бадтар ин аст, ки ин чор номзад дар сӯҳбатҳо худашон Раҳмоновро лидери асосӣ мешуморанд. Пас рақиб хондану дар баробари Раҳмонов истодан чӣ маънӣ дорад, суол гузоштааст нависанда.


....соли дигари Роғун

«Азия плюс», нашрияи русизабони чопи Душанбе дар сармақолаи худ ба масъалаи Роғун падохта ва суол гузоштааст, ки билохира Роғунро кӣ хоҳад сохт. Ин нашрия менависад, баёнияи Раҳмонов дар Пуғус як маънӣ дошт: ё Роғунро бисозед ва ё бигузоред, ки худамон бисозем. Вале суол ин аст, ки мо чунин сармояро аз куҷо пайдо хоҳем кард ва дар пушти чунин баёнияи Раҳмонов кӣ истодааст.


«Рӯҳи падарамро озурда кардед»

«Азия плюс» ҳамчунин ба гузоштани лавҳаи ёдгории хабарнигорни шаҳид пардохта ва изҳороти гурӯҳе аз журналистони тоҷикро нашр кардааст, ки навиштаанд, бисёре аз ин хабарнигорон барои истиқлоли воқеӣ ва ақидаи миллиашон кушта шуданд ва катибаи русии ин лавҳа боиси озурдагии бисёриҳо гашт. Аз ҷониби дигар шарҳ додааст «Азия плюс», дар зери ин лавҳа номи «Медиа алянс» сабт шудааст ва мубтакирони ин амал шояд мехоҳанд ба ин васила на номи журналистони шаҳид, балки номи муассисаи худро абадӣ созанд.

«Миллат» низ дар ин робита номаи фарзанди яке аз журналистони шаҳидро нашр кардааст, ки гуфтааст, «Рӯҳи падарамро озурда кардед».


Ҳаштод соли Муҳаммадҷон Шакурӣ

Тақрибан ҳамаи рӯзномаҳои тоҷикӣ аз ҳаштодсолагии донишманди тоҷик Муҳаммадҷон Шакурӣ таҷлил кардаанд. Ӯ гуфтааст, муроди зиндагаш ба курсӣ нишастани забони форсии тоҷикӣ буда ва дар соли 1989 бо тасвиби Қонуни забон ба муроди худ расидааст.


«Дидор»-и Душанбе

Нашрияи «Собития» бо нашри гузорише муфассал аз синамобазми «Дидор» хабар додааст, ки синамобазми навбатии кишварҳои форсизабон дар Кобул пойтахти Афғонистон доир хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG