Пайвандҳои дастрасӣ

К. Пинеруа: "Аз афзоиши таваррум дар Тоҷикистон нигаронем"


Карлос Пинеруа, раҳбари ҳайъати Бунёди байнулмилали асъор гуфтааст, ин ниҳод аз афзоиши таваррум дар Тоҷикистон нигарон аст.


Ҷаноби Пинеруа, ки баъд аз мулоқоташ бо Эмомалӣ Раҳмонов, раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар Душанбе бо хабарнигорон сӯҳбат кард, гуфтааст, баъзе илали афзоиши таваррум дар Тоҷикистон дар соли оянда эҳтимолан боқӣ бимонад. Ӯ аз ҷумла, болоравии қиммати гази табии Узбакистон ба нархи сад дар садро мисол овардааст, ки метавонад ба афзоиши таваррум дар Тоҷикистон таъсир бигузорад.


Ҷаноби Пинеруа ҳамчунин аз болоравии иқтисоди Тоҷикистон зикр намуда ва гуфтааст, ба кишвар сармояи зиёде ворид мешавад ва сатҳи беҳбудии иқтисодии ин ҷумҳурӣ дар соли оянда низ ҳамин гуна боқӣ мемонад.


Ва аммо дар дидори худ бо раиси ҷумҳури Тоҷикистон, Карлос Пинеруа дурнамои ҳамкориҳои миёни Бунёди байналмилалии асъор ва Тоҷикистонро баррасӣ намудаанд. Аз ҷумла, дар ин дидор аз барномаҳои нави ин ниҳоди байнулмилал дар Тоҷикистон ҳарф рафтааст.
XS
SM
MD
LG