Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Толеъ Холназаров - боз дар Амрико


Толеъ Холназаров, вазнбардори маъруфи тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон дар риштаи пауэрлифтинг ё сеҳарбаи қудратӣ байни варзишкорони ҳирфаӣ, ки рӯзи панҷшанбеи 2 ноябр дар шаҳри Ню-Йорки Амрико шурӯъ шуд, ширкат дорад.

Толеъ барои аввалин бор аст, ки ба мусобиқоти ҷаҳонии пауэрлифтинг бо ширкати варзишкорони ҳирфаӣ даъват шудааст. Вай дар рақобатҳо дар вазни 100 килограмм бо зӯртарин вазнбардорони касбии ҷаҳон зӯрозмоӣ мекунад. Ин мусобиқот то рӯзи якшанбеи 5 ноябр идома хоҳад кард.

Сабиқ қаҳрамони ҷаҳон ва Осиё Толеъ Холназарови 31-сола поягузори пауэрлифтинг дар Тоҷикистон маҳсуб мешавад. Бо ибтикори ӯ соли 2002 Федеросиюни бодибилдинг ва пауэрлифтинги Тоҷикистон таъсис ёфтааст, ки чаҳор сол инҷониб Толеъ Холназаров раҳбари ин федеросиюн мебошад.

Ёдовар мешавем, ки Толеъ Холназаров моҳи ноябри соли 2006 дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон дар риштаи пауэрлифтинг дар шаҳри Майамии Иёлоти Флоридаи Амрико ҳунарварӣ карда, бо медоли нуқра сарфароз гаштааст. Вай дар як навъи рақобатҳо дар вазни 90 килограмм бо натиҷаи 345 килограмм мақоми дуввумро касб кардааст.
XS
SM
MD
LG