Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мизи Гирди IFES бо Тоҷикистон дар Вошингтон


Дар ин суҳбат доктор Шин Робертс-коршиноси донишгоҳи Ҷеорҷтавн дар умури Осиёи Марказӣ, Доктор Коллет Ҳаррис-коршинос аз донишгоҳи Сассекси Бритонё ва Энтонӣ Боуэр-раҳбари барномаҳои IFES барои кишварҳои Осиёи Марказӣ суханронӣ карданд. Баъд аз ин суҳбати мизи гирд дар як гуфтугуи телефонӣ аз Энтонӣ Боуэр нахуст пурсидем дар суҳбат кадом масъалаҳо барои баррасӣ матраҳ шуд?

АБ: Мо ҷаноби Зарипов-сафири Тоҷикистонро ба Мизи Гирд даъват кардем, то бо эшон масъалаи интихоботи дар пешистодаи Тоҷикистонро баррасӣ кунем, ки ин интихобот барои ояндаи Тоҷикистон чӣ дода метавонад ва ин кишвар баъд аз 15 соли истиқлол ва баъд аз тақрибан даҳ соли имзои мувофиқатномаҳои сулҳ дар чӣ вазъе қарор дорад. Ҷаноби сафир дар ҳузури коршиносон изҳор дошт, ки дар Тоҷикистон раванди демократии маъракаи интихоботӣ идома дорад. Вай гуфт, ки ҳоло таблиғи барномаҳои панҷ номзад ҷараён дорад ва онҳо дар интихобот ширкат мекунанд.

НХ: Сарнавишти ин интихобот аз қабл маълум буд. Одамони солманд ба номзадӣ пешбарӣ шуданд ва онҳо дар ҷомеъа шинохтанашуда ҳастанд. Ба назари шумо ин як навъ гашти сиёсии давлат буд ё падидаи демократия?

АБ: Дар натиҷаҳои интихобот касе шубҳа надорад. Ҳама медонанд, ки дар он раиси ҷумҳури кунунӣ пируз мешавад. Дар ҳар сурат, дар интихобот номзадҳои мухталиф ширкат мекунанд. Вале ин нукта муҳим аст, ки мардум танҳо як номзадро мешиносанд, яъне раиси ҷумҳурро. Агар вай пируз шавад, ин бад-он маъност, ки интихобкунадагон бо барномаҳои номзадҳои дигар ошно нестанд. Ҳатто ин номзадҳо бо мардум якҷо мулоқот мекунанд. Мардум фақат раиси ҷумҳурро медонанд ва бар ин андешаанд, ки вай ба ҷанги дохилӣ хотима бахшидааст ва ба кишварашон сулҳ овардааст. Ба ҳар ҳол мардум аз ин интихобот сабақ мегиранд. Бояд ба ҷараёни интихобот, ба райдиҳӣ таваҷҷуҳ кард, ки аъзои кумисюнҳои маҳалии интихоботӣ ин интихоботро чӣ гуна баргузор мекунанд. Дар он сурат мебинем, ки барои интихоботи баъдӣ чӣ сабақҳое гирифта шудааст, то интизор шавем, ки шафофият дир интихоботи, масалан, интихоботи порламонӣ беҳтар хоҳад шуд ё хайр.

НХ: Бино ба баъзе маълумот аз интихоботи гузаштаи порламонӣ дар феврали соли 2005 то ҳол, яъне тақрибан дар ду сол шумораи райдиҳандаҳо аз ҳисоби ҷавонон 200 ҳазор нафар афзоиш ёфтааст. Нақши ин ҷавонон дар тавозуни сиёсии ояндаи Тоҷикистон чӣ гуна хоҳад буд?

АБ: Мо чунин мепиндорем, ки дар оянда нақши ҷавонон хеле ва хеле муҳим хоҳад буд. Барои он ки, бино ба баъзе маълумотҳо, аз 7 милёну 300 ҳазор тақрибан нисфи он, яъне нисфи аҳолии Тоҷикистон поёнтар аз сини 15 мебошанд. Ин бад-он маъност, ки дар интихоботи оянда шуморе аз онҳо рай медиҳанд. Онҳо бояд бовар дошта бошанд, ки ҳақи интихоби озод ё ҳақи пешбарии номзадиашонро хоҳанд дошт. Онҳо бояд ба равандҳои демократӣ бовар дошта бошанд. Чаро? Ба хотири он ки ин ҷавонон давраи Шуравиро ёд надоранд, гузашта аз ин онҳо аз хотироти бади давраи ҷанги шаҳрвандӣ орӣ ҳастанд. Ин ҳолати онҳо кумаке хоҳад буд барои ҳифзи сулҳу оромӣ дар ҷомеъаи ояндаи ин кишвар.
XS
SM
MD
LG