Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Олмон мегуяд, мумкин аст, таҳримҳо алайҳи Ӯзбакистон сабуктар шавад


Маркази хабарии Родиёи Озодӣ

Хабаргузории Олмон гузориш додааст, ки Франк Волтер Штайнмаер вазири хориҷаи Олмон, ки машғули дидор аз Ӯзбакистон аст, гуфтааст, агар вазъи ҳуқуқи башар дар Ӯзбакистон беҳбуд ёбад, Иттиҳодияи Урупо ҳозир аст, таҳримҳои алайҳи Ӯзбакистонро сабуктар кунад. Қарор аст Иттиҳодияи Урупо то ду ҳафтаи дигар тасмим бигирад, ки оё таҳримҳои алайҳи Ӯзбакистон, ки шомили фурӯши аслиҳа ва мамнуъияти визо барои мақомоти Ӯзбакистон мешавад, идома ёбад ё на.


Вазири хориҷаи Олмон ин суханонро дар шаҳри Бухоро ва пас аз мулоқоташ дар Тошканд бо Ислом Каримов райиси ҷумҳури Ӯзбакистон ва Владимир Нуров вазири хориҷаи ин кишвар матраҳ кард.


Штайнмаер гуфт, интизор меравад, ки намояндагони Ӯзбакистон дар Иттиҳодияи Урупо дар рӯзи 8 ноябр мушахассан пешниҳодҳоеро барои беҳбуди вазъи ҳуқуқи башар дар Ӯзбакистон эълом кунанд.


Иттиҳодияи Урупо тасмими ниҳоияшро дар мавриди таҳримҳо алайҳи Ӯзбакистон дар рӯзи 13 ноябр эълом хоҳад кард. Таҳримҳои алайҳи Ӯзбакистон ба иллати куштори тазоҳуркунандагон дар Андиҷон эълом шуд, ки Иттиҳодияи Урупо ва созмонҳои ҳуқуқи башар мақомоти Ӯзбакистонро масъули он медонанд.
XS
SM
MD
LG