Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

We know only Mr. Раҳмонов


«Иттилое ҳам-ку надорем. Рақиб ҳеҷ кудомашун нестанд. Боз ҳам дигар Раҳмонуф хубе». Бо ин се ҷумлаи кӯтоҳ зоҳиран аксари ҷавонони хориҷие, ки дар Тоҷикистон донишомӯз ҳастанд, мувофиқ мебошанд. Аксарияти онҳо мегӯянд ки оқои Раҳмонов, райисиҷумҳури феълии кишвар нисбат ба рақибони худ «вазн»-и бештар дорад.


Аммо Муҳаммадсамир Аюбӣ, як донишомӯзи хориҷӣ мегӯяд, мардуми тоҷик ҳоло бояд ходими арзандаи миллати худро барои раҳбарии кишварашон интихоб кунад.
Ӯ бо муқоисаи маъракаҳои қаблазинтихоботии Тоҷикистону Афғонистон мегӯяд, ҷавонони кишвари ӯ нисбат ба ҷавонони тоҷик дилзиндатар ҳастанд ва ҳамеша интихоби худро доранд.



Ӯ гуфт, ҷавонони тоҷик дар ҳоле ки тақдири миллат ҳал мешавад, аз ин корзор канорагирӣ мекунанд ва ба тақдири ояндаи худ бетарафӣ зоҳир менамоянд:


"Тавре мебинам, ҷавонони тоҷик он қадар алоқае ба ин бахш нишон намедиҳанд ва масруфи кори дигаре мебошанд. Чун инҳо сарнавиштсоз ҳастанд ва умеди мардуми Тоҷикистон мебошанд, беҳтар аст, худро омода ба масъулияти фардо бисозанд. Ба ин хотир фикр мекунам, ки инҳо аз худ бояд эҳсосе зоҳир бикунанд."


Бисёре аз ҷавонони хориҷӣ мегӯянд, интихоб қарзи шаҳрвандии ҳар як аз фарди ҷомиа аст. Ба бовари онҳо, ҳоло мардуми тоҷик имкон дорад, як гоми мустақил барои пешрафт ва ояндаи дурахшони худ гузорад.


Муҳаммад Салим, як ҷавони ҳиндустонӣ гуфт, ҳоло дар Тоҷикистон, бахусус дар телевизиюнҳои кишвар танҳо рекломи як номзад - Эмомалӣ Раҳмонов мушоҳида мешавад. Ӯ аз райиси ҷумҳури ояндаи Тоҷикистон мехоҳад, ки барои рушди миллати ин кишвар талоши бештар ба харҷ диҳад:


«Ҳиндустон ва Тоҷикистон ҳарду кишварҳои демукротик ҳастанд. Дар он ҷо низ мардум барои интихоб шудани раҳбари кишвараш раъй медиҳад, аммо ба гунаи дигар. Агар дар кишвари шумо мардум худ райиси ҷумҳурро интихоб намоянд, дар Ҳиндустон тафовуте ба назар мерасад. Мардум аввал ҳайъати порлумонро интихоб мекунад ва ҳайъати порлумон райиси ҷумҳурро интихоб мекунанд. Ҳоло медонам, барои президенти Тоҷикистон шудан панҷ номзад талош доранд, аммо дар миёни онҳо фақат Раҳмоновро мешиносам. Ба ҳар ҳол аз оне, ки райиси ҷумҳур интихоб мешавад, хоҳиш мекунам, ки бештар барои пешрафти кори мардуми худ талош кунанд».


Бештари ҷавонони хориҷӣ дар сӯҳбат бо барномаи Ояндасоз гуфтанд, хоҳишҳое аз кондидҳо доштаанд. Аммо чун онҳо ҳаққи раъйдиҳӣ дар интихоботи райиси ҷумҳури Тоҷикистонро надоранд, номзадҳо низ бо онҳо вохӯрӣ накардаанд. Дориюш, як ҷавони афғон мегӯяд, кадом номзаде интихоб нашавад, бояд равобити миёни кишвари Афғонистон ва Тоҷикистонро густариш диҳад.



Ӯ гуфт: "Теъдоди ками мардуми Тоҷикистон ба афғонҳо ба чашми ҳақорат менигаранд. Мо аз раиси ҷумҳури оянда хоҳиш мекунем, ки ба онҳо бифаҳмонанд, ки ҳамаи афғонҳо ба ин қисм нест, ки ба гунаи сиёсӣ номи моро дигар кас бад карда ва лаккадор карда бошад."


Увайс, як ҷавони дигари ҳинду мегӯяд, аз баргузории интихоботи райиси ҷумҳури Тоҷикистон огаҳ мебошад, аммо намехоҳад барои интихобкунандагони тоҷик маслиҳат диҳад:


«Мешунавам, ки дар Тоҷикистон интихоботи президентӣ баргузор мешудааст. Интихобот интихобот аст. Одамон меоянд ва интихоби худро мекунанд. Ҳамаааш аз одамон бастагӣ дорад. Одамон чӣ хеле хоҳанд, ҳамин тавр мешавад».

Куллан ҷавонони хориҷӣ дар Тоҷикистон аз ҷараёни маъаракахои интихоботи дар кишвар берун нестанд. Аммо онҳо аз баёни мавқеи худ нисбат ба номзадҳо ба мақоми райиси ҷумҳур худдорӣ мекунанд, зеро мегӯянд онҳо, интихоб интихоби мардум, бахусус ҷавонони тоҷик аст
XS
SM
MD
LG