Пайвандҳои дастрасӣ

Пан Ги Мун вориди Маскав шуд


Пан Ги Мун вазири хориҷаи Куриёи Шимолӣ субҳи 1 ноябр вориди Москов шуд. Пан Ги Мун, ки дабири кули Созмони Милали Муттаҳид интихоб шуда аст ва ба кори худ 1 январи соли 2007 шуруъ мекунад, имрӯз дар Москов бо Владимир Путин раиси ҷумҳури Русия ва Сергей Лавров вазири хориҷаи ин кишвар дидор ва мулоқот хоҳад кард.


Қарор аст дар ин дидорҳо мавзӯи нақши Русия дар шурои амнити Созмони Милали муттаҳид барраси шавад. Ҳамчунин Пан Ги Мун мехоҳад дар бораи барномаи ҳастаии Эрон бо раиси ҷумҳури Русия гуфтугу кунад.
XS
SM
MD
LG