Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳизбҳои ширкаткунанда дар интихобот нисбат ба ҳизби ҳоким заъифанд


Дар ҳоле, ки то интихоботи 6-уми ноябр рузҳои башумор мондааст, ҳамаи таҳлилгарони сиёсӣ бар ин ақидаанд, ки сарнавишти ин интихобот аз қабл рушан аст, зеро ҳизбҳои ширкаткунанда дар интихобот нисбат ба ҳизби ҳоким заъиф ва номзадҳои пешниҳодкардаи онҳо дар ҷомеъаи имрузи Тоҷикистон шинохтанашуда мебошанд. Вале ҳизби ҳоким, яъне ҳизби Халқӣ-Демократии Тоҷикистон бозигари аслӣ дар саҳнаи сиёсии кишвар аст. Ин ҳизб имконоти худро дар интихобот маҳдуд намедонад ва нақши таъйинкунандаи сарнавишти ҳизбҳои сиёсии дигарро имруз ба даст гирифтааст. Яъне ҳизби ҳоким ҳизбҳои дигар Ҳизби Кумунист, Ҳизби Сусиёлист, Ҳизби тозатаъсиси Ислоҳоти Иқтисодӣ ва Ҳизби тозатаъсиси Кишоварзиро ба бозии сиёсӣ кашидааст, то номзадҳои онҳо худро рақиби интихобтии раиси ҷумҳури кунунӣ ҷилва диҳанд. Дар чунин ҳолат ҳадаф аз ширкати ин ҳизбҳои заъиф дар ин интихобот чӣ аст? Абдуҳалим Ғаффоров-номзад аз ҳизби сусиёлист чунин мегуяд:

"Дар барномаи ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон, ки номзадиаш ба мақоми раиси ҷумҳури Тоҷикистон пешниҳод шудааст масъалаҳои умдатарини рӯз барои ҷумҳурӣ яъне масъалаи сиёсии кадрҳо, масъалаи демократия, масъалаи илму фарҳанг, нақлиёт, масъалаи алоқаву сохтмон, масъалаи иҷтимоиёт, масъалаи хусусигардонӣ, масъалаи будҷаи давлат, масъалаи андоз ва андозбинӣ, масълаи робитаҳои байналмиллалӣ, илму фарҳанг, маориф ва тандурустии мавкеъи асосиро дорад. Дар сиёсати кадрҳои ҷумҳурии Тоҷикистон ислоҳоти ҷиддӣ бояд гузошта шавад."

Дар бораи тавоноии ин ҳизб барои иҷрои чунин ҳадафҳои стротегӣ чизе гуфтан зарурат надорад. Ҳизбҳои дигар, яъне Ҳизби Кишоварзӣ ва Ҳизби Ислоҳоти Иқтисодӣ низ мисли ҳизби сусиёлист дар мулоқот бо интихобкунандагон аз рушди иқтисодиву иҷтимоъӣ шиъор медиҳанд. Сайфуллоҳ Сафаров-муовини раиси пажуҳишгоҳи стротежии назди раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон мегуяд, ҳамаи маводе, ки ин ҳизбҳо дар шакле дар барномаҳояшон овардаанд, дар барномаи номзади ҳизби ҳоким вуҷуд дорад:

"Аслан ман дар маркази таҳқиқоти стратежӣ назди раиси ҷумҳур кор мекунам ман дар барномаи ягон ҳизб ягон чизи навро намебинам чун, ки ҳамаи ин пешниҳодҳоро хеле вақт дода будем ва қисми аз онҳо ҳал ҳам шудааст."

Иброҳим Усмонов-муҳаққиқи равандҳои сиёсии имрузи Тоҷикистон мегуяд, ки Ҳизби Кишоварзӣ ва Ҳизби Ислоҳоти Иқтисодӣ дар ҷомеъаи имрузи кишвар то ҳол ҷойгоҳи худро пайдо накардаанд ва дар байни мардум камтар эътибор доранд:

"Ҳизби тарақиёти иқтисодии Тоҷикистон ва ҳизби аграрии Тоҷикистон, аслан ман гумон намекунам, ки теъдоди воқеъан муаян ҳизбзеби пайравони худашона дошта бошанд. Медонед, ки ҳизби аграрии Тоҷикистон қаблан аз ҷониби Насриддинов як замоне ташкил шуда буд ва баъд фаолияти ин ҳизб қатъ гардид. Ин ҳизби наве, ки Қароқулов ба он раҳбари мекунад, ман ин шахс то ба сифати номзад ба раиси ҷумҳур таид шуд дар ягон ҳолат фаолияти ин ҳизбро эҳсос накардам. Ҳизби дигари рушди иқтисодии Тоҷикистон ҳизби бисёр ҷадид аст ва ман аз фаолияти ин ҳизб дар муҳити шаҳри Душанбе дарк накардам. Рости ман ба фаолиятҳои ҳизбҳо таваҷуҳ дорам, алоқамандӣ дорам барои фаҳмиши онҳо ҳамчун шахсе ки ба таърихи сиёсии Тоҷикистон иртибот дорам."

Аммо мавқеъи Ҳизби Куммунист дар ҷомеъа чӣ тавр аст? Оқои Усмонов суҳбаташро дар ин бора ин гуна идома медиҳад:

"Ҳизби комунист, аслан мавқеъи худро пурра аз даст додааст. Аз рӯи маводе, ки дар матбуот нашр мешавад аз рӯи матолибе, ки аз анҷумани ин ҳизб бар меояд дар дохили раҳбарияти ин ҳизб тамоман ваҳдат аз миён рафтааст. Аз ҳамин сабаб ҳаводорони ҳизби комунист дар маҳалҳо нисбат фарз кардем дар давраи интихобот хеле ва хеле коста шудаанд."

Ин ду ҳизб аз қадамҳои аввали фаъолияъашон дар арсаи сиёсии Тоҷикистон мекушанд бо давлат зери ниқоби муросо ҳамкорӣ кунанд. Раҳматуллоҳ Зоҳиров-таҳлилгари сиёссӣ мегуяд, ниҳодҳои ҳукумативу давлатӣ дар ҷамъоварии имзоҳо барои сабти номи номзадҳои ҳизбҳои дигари муросокор кумак кардаанд, вагарна ин ҳизбҳо наметавонистанд дар муҳлати пешбинишуда шумораи зарурии имзоҳоро ҷамъоварӣ кунанд:

"Ҳизби аграри, ҳизби иқтисод ва ҳизби сотсиалистӣ вақте, ки имзо ҷамъ мекарданд қарибе, ки аъзоёни ин ҳизбҳо дар имзо ҷамъ кардан ширкат намекарданд. Барои ҳама номзадҳо, бо як супориш ҳама ҷамоъату, корхонаҳо ҳамчунин ҳокимияти маҳали ҷамъ карданд. Ҳозир мисол барои ҳама ошкор мебошад."

Бо талошҳое барои наздик шудан бо ҳизби ҳоким ҷиноҳҳое аз Ҳизби Сусиёлист ва аз Ҳизби Демократи Тоҷикистон ҷудо шуданд ва худро сабти ном карданд, ба умеде, ки бо навъе муросо худро нируи сиёсии кишвар нишон диҳанд. Ҳизби Демократи Масъуд Собиров номзади худ Табаралӣ Зиёевро натавонист сабти ном кунад, вале Ҳизби Сусиёлист бо Ҳизби Кумунист ва Ҳизби Ислоҳоти Иқтисодиву Ҳизби Кишоварзӣ, ба гуфтаи Раҷаби Мирзо-рузноманигор ва таҳлилгар, умедворанд, ки шояд дар оянда давлат чанд курсиро дар зинаҳои поёнии ҳукумат ё порламон дар ихтиёри наомяндагони ин ҳизбҳо гузорад:

"Фикр мекунам, ки ширкати ҳамин ҳизбҳо дар интихобот ва он як гурӯҳе, ки бо номи ҳизб шинохта шуд ва онҳо гӯё, ки миқдори зарурии имзоҳоро ҷамъ карданд тавонистанд, онҳо ҳама шояд соҳиби ягон курсие мешаванд. Вале мушкилот бо ин ҳал намешавад."

Бисёре аз таҳлилгарон мегуянд, ки агар ҳизбҳои сисёсӣ ҳамин тавр ба нируи ҳоким пойбанд бимонанд ва барои истиқлол дар фаъолияти худ мубориза накунанд, ҳувияти худро зуд аз даст медиҳанд. Дар чунин ҳолат онҳо қодир нестанд, ҳадафҳои барномаии худро иҷро кунанд ва дар ҳаёти ҷомеъаи худ нақш дошта бошанд.
XS
SM
MD
LG