Пайвандҳои дастрасӣ

Номзадҳо дар ТВ баромад мекунанд


Имрӯз, якуми ноябр номзадон ба мақоми раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба баромадҳои телевизионии худ дар шабакаи якуми симои давлатӣ оғоз мекунанд.


Кумиссиюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон ҷадвали баромади номзадон дар симои давлатиро аз рӯи тартиби алифбоии насаби номзадон мураттаб сохтааст. Мувофиқи қонун, барои ҳар як номзад 30 дақиқа имкони истифодаи ройгон аз симои давлатӣ фароҳам оварда мешавад.


Ҷадвали баромади номзадон дар шабакаи якуми симои давлатӣ:


Якуми ноябр - Бобоев Олимҷон, Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ
Дуюми ноябр - Ғаффоров Абдулҳалим, Ҳизби сотсиалисти Тоҷикистон
Сеюми ноябр - Қароқулов Амир, Ҳизби кишоварзии Тоҷикистон
Чаҳоруми ноябр - Раҳмонов Эмомалӣ, Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон
Панҷуми ноябр - Талбаков Исмоил, Ҳизби коммунисти Тоҷикистон



Мувофиқи қонуни интихобот, панҷуми ноябр охирин рӯзест, ки тарғиби номзадон ва барномаҳои онҳо иҷоза аст. Шашуми ноябр интихоботи раиси ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мешавад.
XS
SM
MD
LG