Пайвандҳои дастрасӣ

Демократҳои ҳизби Искандаров ҳамоиши эътирозии худро мавқуф гузоштанд


Созмони шаҳрии Ҳизби демократи Муҳаммадрӯзӣ Искандаров дар Душанбе қарор кардааст, ҳамоиши эътирозии худро то ба давраи баъд аз интихоботи раиси ҷумҳурӣ мавқуф бигзорад.


Дар пайи шинохти Масъуд Собиров ба ҳайси раиси ҲДТ, Созмони душанбегии ин ҳизб аз ҷиноҳи Муҳаммадрӯзӣ Искандаров тасмим гирифта буд, бино бар истилоҳи раиси ин созмон Раҷаби Мирзо, ҷиҳати ҳимоя аз демократия ҳамоише баргузор намояд.


Ҳамакнун, раёсати ин созмон дар Душанбе қарор кардааст, баъд аз интихоботи рӯзи шашуми ноябр дар пайи баргузории ҳамоиш бишавад. Ва аммо биноан ба як қарори дигари ин созмон, баргузории як ҳамоиши дигар дар назди бинои Вазорати адлия ба нишони эътироз аз тасмими ин ниҳод дар мавриди шинохти Масъуд Собиров ба ҳайси раиси ҲДТ то интихоботи раиси ҷумҳурӣ дар назар аст.


Ва аммо таваққуфи ҳамоиши эътирозии ҳимоя аз арзишҳои демократии худро Созмони шаҳрии ҲДТ-и ҷиноҳи Искандаров бо дағал ва нодуруст фаҳмида шудани тасмими ҳамоиш аз ҷониби нерӯҳои манфиатдор ташреҳ додааст. Дар муроҷиатномае, ки ин созмон қабул кардааст, омадааст, ки баргузор намудани гирдиҳамоӣ дар пешорӯи интихобот ба нафъи баргузоркунандаҳо намебошад ва баръакс, боиси бадном кардани нерӯҳои адолатпараст аз ҷониби қувваҳое мешавад.


Дар ҳамин ҳол, Раёсати созмони шаҳрии демократҳои Раҷаби Мирзо аз созмонҳои ноҳиявии Сино ва Исмоили Сомонӣ талаб кардааст, ҳарфи худро дар мавриди тасмими Вазорати адлия бигӯянд.
XS
SM
MD
LG