Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нокомии дастаи футболи ҷавонони Тоҷикистон дар Ҳиндустон


Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон, ки дар ду бозии мусобиқоти қаҳрамонии футболи Осиё миёни бозигарони то 20-сола дар Ҳиндустон дар гурӯҳи «С» шикаст хӯрд, новобаста аз натиҷаи бозии охирини худ аз ҳаққи ширкат дар марҳалаи дуввум маҳрум гашт.

Футболбозони ҷавони тоҷик пас аз бохт аз тими Ирон бо натиҷаи 1 бар 3, дар бозии дуввуми худ аз тими Ҷопон бо натиҷаи 0 бар 4 ноком шуданд.
Бозиҳои дигари ин гурӯҳ бо чунин натиҷаҳо хотима ёфтанд: Ҷопон - Куриёи Шимолӣ - 2 : 0, Куриёи Шимолӣ -Ирон - 5 : 0 .
Мавқеъи дастаҳо дар гурӯҳи «С»
Б Ғ М Б Т И
Ҷопон 2 2 0 0 6-0 6
Куриёи Шимолӣ 2 1 0 1 5-2 3
Ирон 2 1 0 1 3-6 3
Тоҷикистон 2 0 0 2 1-7 0

Ҳамчунин чаҳор бозӣ дар гурӯҳи «А» баргузор шуд: Куриёи Ҷанубӣ - Урдун - 3 : 0, Ҳиндустон - Қирғизистон - 1 : 1, Урдун - Ҳиндустон - 3 : 2 , Қирғизистон - Куриёи Ҷанубӣ - 0 : 7.
Мавқеъи дастаҳо дар гурӯҳи «А»
Б Ғ М Б Т И
Куриёи Ҷанубӣ 2 2 0 0 10-0 6
Урдун 2 1 0 1 3-5 3
Ҳиндустон 2 0 1 1 3-4 1
Қирғизистон 2 0 1 1 1-8 1
Рӯзи панҷшанбеи 2 ноябр даври охирини бозиҳо дар гурӯҳҳои «А» ва «С» баргузор мешавад. Куриёи Ҷанубӣ бо Ҳиндустон, Урдун бо Қирғизистон, Ҷопон бо Ирон ва Куриёи Шимолӣ бо Тоҷикистон рақобат мекунанд.

Дар гурӯҳҳои «В» ва «D» даври аввал доир шуд. Натоиҷи бозиҳо чунин аст: Чин - Австралия - 1 : 0, Тайланд - Имороти Муттаҳидаи Араб - 2 : 1, Ироқ - Арабистони Саъудӣ - 2 : 2, Малайзиё - Вйетнам - 1 : 2.
Мавқеъи дастаҳо дар гурӯҳи «В»
Б Ғ М Б Т И
Тайланд 1 1 0 0 12-1 3
Чин 1 1 0 0 1-0 3
Иморот 1 0 0 1 1-2 0
Австралия 1 0 0 1 0-1 0

Мавқеъи дастаҳо дар гурӯҳи «D»
Б Ғ М Б Т И
Вйетнам 1 1 0 0 2-1 3
Арабистон 1 0 1 0 2-2 1
Ироқ 1 0 1 0 2-2 1
Малайзиё 1 0 0 1 1-2 0

Даври дуввум дар гурӯҳҳои «В» ва «D» рӯзи чоршанбеи 1 ноябр барпо мешавад: Австралия - Тайланд , Имороти Муттаҳидаи Араб - Чин, Арабистони Саъудӣ - Малайзиё, Вйетнам - Ироқ.
XS
SM
MD
LG