Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

САҲА: "Корзори интихоботӣ бисёр заъиф боқӣ мондааст."


Дафтари ниҳодҳои демукротик ва ҳуқуқи башари Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо (ODIHR) имрӯз 31 октябр гузориши дуввуми миёндавраии худ роҷеъ ба корзори интихоботӣ дар Тоҷикистонро нашр карда ва дар он аз ҷумла гуфтааст, корзори интихоботӣ бисёр заъиф боқӣ монда ва дар он танҳо ҳузури чашмгири Ҳизби ҳокими халқии демократӣ мушоҳида мешавад.


Нозирони созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо мегӯянд, ки ҳеҷ гуна нишонаи рақобат дар корзори интихоботиро мушоҳида накардаанд, ҳеҷ гуна ҳодисаи ғайримунтазира дар ҷараёни ин корзор сабт нашуд, ва танҳо як шикояти расмӣ дар робита ба интихобот сабт шудааст. Чаҳор номзад ва рақибони Эмомалӣ Раҳмонов ба гуфтаи нозирон, аз танқиди сиёсатҳо ва амалкардаҳои ин рақиби аслии худ худдорӣ кардаанд.


Ба гуфтаи нозирони Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо, чанд масъалаи муҳим дар робита ба заминаҳои қонунии баргузории интихобот бидуни расидагӣ боқӣ мондааст, ки дар натиҷа норавшаниҳо дар он масоил сабаби ба ҳар навъ шарҳ додани қонуни интихобот шудааст. Ин санадҳо вобаста ба ширкати нозирони маҳаллӣ дар интихобот ва ворид кардани нозирони аҳзоби сиёсӣ ба кумиссиёнҳои сатҳи поёнии интихобот будааст.


Аммо мегӯянд, ин нозирон, омодагиҳои маъмурӣ ба интихобот муассир буда ва мувофиқ ба замоне сурат гирифтааст, ки қонун муқарар мекунад. Дигар аз мушкиле, ки нозирон мушоҳида кардаанд, ин будааст, ки раъйдиҳандагон ба таври кофӣ аз корзори интихоботӣ мутталеъ нашудаанд, ва омодагиҳо ба раъйдиҳии пешакӣ мувофиқ набудааст ва ворид кардани номи муҳоҷирон ва ё берун мондани онҳо аз феҳрасти раъйдиҳандагон мушкили дигаре будааст.


Нозирони Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо мегӯянд, ки шаш номзад ба мақоми раиси ҷумҳур, ки яке аз онҳо яъне Табаралӣ Зиёев сабти ном нашуд, дар маҷмӯъ барои пешбарии номзадии худ ба мақоми раёсати ҷумҳур якуним миллион имзо ҷамъ овардаанд, ки 46 дар сади теъдоди тамоми раъйдиҳандагонро ташкил медиҳад. Ба гуфтаи нозирон, бархе аз соҳибназарон доир ба ин арқом ва дурустии ҷараёни ҷамъоварии имзо ибрози шакку тардид кардаанд.
XS
SM
MD
LG