Пайвандҳои дастрасӣ

Гуруснагӣ дар Тоҷикистон


Ҷеффрӣ Донован Бо вуҷуди афзоиши талошҳои байнулмилалӣ тайи даҳсолаи гузашта, садҳо миллион нафар дар саросари ҷаҳон ҳанӯз ҳам гурусна мегарданд. Ва мушкили гуруснагӣ бахусус дар бархе аз манотиқи Русия, Осиёи Марказӣ ва Қафқоз ва дигар аз бахшҳои шӯравии собиқ доғ боқӣ мондааст. Ин як хулосаи Идораи кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (ҒАО) як рӯзи пеш (30 октябр) дар шаҳри Рум гузориши солонаи худ доир ба вазъи амнияти ғизоӣ дар кишварҳои дунёро нашр кард.

Даҳ соли пеш дар ҳамоиши ҷаҳонӣ роҷеъ ба масоили таъмини ғизо ҷомеъаи байнулмилалӣ ваъда дода буд, ки теъдоди афродеро, ки аз гуруснагӣ ранҷ мебаранд, то нисф коҳиш бидиҳад. Дар гузориши Созмони Кишоварзии СММ гуфта мешавад, агарчӣ ба ин ҳадаф даст наёфтанд, аммо дар баъзе манотиқ ба пешрафт ноил шудаанд.


Гузориш ҳамин ҳафта дар шаҳри Рум нашр шуд, ки дар он ҷо намояндагон аз 120 кишвари дунё гирд омада ва пешрафтҳо аз соли 1996 ва иҷрои ҳадафҳои Рушди Ҳазорсоларо, ки соли 2000-ум эълом шуд, баррасӣ мекунанд.
Маргарита Флорес - раиси кумитаи ҒАО дар умури эминии ғизоӣ дар ин нишаст гуфт, «Мубориза ба зидди гуруснагӣ он тавре, ки мо интизор доштем, муваффақ набудааст ва бояд дар ин нишаст роҳҳое баррасӣ шавад, ки дар роҳи рафъи гуруснагӣ нақши муассир дошта бошанд.»


Бар тибқи гузориши ҒАО, мубориза барои коҳиши теъдоди гуруснагон дар кишварҳои муштаракулманофеъ кунд будааст. Дар гузориш гуфта мешавад, дар ин кишварҳо 21 миллион нафар аз гуруснагӣ ранҷ мебаранд.
Аз ҷумла дар Русия, Белорус ва Укроин 3 дар сади мардум гурусна ҳастанд, ки дар муқоиса ба кишварҳои дигари ҷомеаи ҳамсуд нишондоди беҳтар будааст.


Сипас вазби Қазоқистонро беҳтар арзёбӣ кардаанд, аммо бадтарин вазъият дар Тоҷикистон ва Ӯзбакистон будааст, ки аз ҷиҳати амнияти ғизоӣ вазъи ҳар ду кишвар бисёр бад шудааст. Тибқи гузориш дар Тоҷикистон 61 дар сади мардум ғизои кофӣ намехӯранд, ва ин рақам дар муқоиса ба солҳои 1990 - 1992 22 дар сад бештар будааст.


Дар Ӯзбакистон 26 дар сади мардум гурусна мегаштаанд, агарчӣ соли 1990 танҳо 9 дар сади мардум дар ин ҷо аз гуруснагӣ ранҷ мебурдаанд.


Намояндаи Созмони Кишоварзии СММ Маргарита Флорес барои раҳоӣ бахшидани афрод аз доми гуруснагӣ бояд қашшоқӣ дар рустоҳоро аз байн бурд, ки беш аз нисфи аҳолии Тоҷикистон ва Ӯзбакистон дар деҳот ба сар мебаранд.


Созмони Кишоварзии СММ мегӯяд, ки Озарбойҷон, Гурҷистон ва Қирғизистон дар роҳи рафъи гуруснагии мардум ба муваффақиятҳои чашмгир даст ёфтаанд ва теъдоди афродеро, ки аз сӯитағзия ранҷ мебаранд, аз се ду ҳисса кам кардаанд.


Масалан дар Гурҷистон соли 1990 44 дар сади ҷамъият гуруснагӣ мекашидаанд, аммо теъдоди онҳоро то ба 13 дар коҳиш додаанд. Дар Қирғизистон дар соли 1990 ҳар панҷ нафар аз сӯитағзия ранҷ мебурдаанд, аммо ҳоло теъдоди онҳо чаҳор дар садро ташкил медиҳад.


Дар гузориши Созмони Милал сабабҳои камбуди ғизо дар кишварҳои собиқи шӯравиро ба рушди заъифи иқтисодӣ, ки ҳосили сиёсатҳои бад будааст иртибот додаанд.
XS
SM
MD
LG