Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳамоиши анҷумани мардумони Ҷумҳурии Чеченистон боз кори худро шурӯъ кард


Дар ин ҳамоиш беш аз 300 намояндагони мардуми чечен аз Русия ва дигар кишварҳо ширкат доранд. Лема Гудаев сухангӯи нахуствазири Ҷумҳурии Чеченистон гуфт, ки дар ҳамоиш масъалаи пешниҳоди Рамазон Қодиров ба мақоми раиси ҷумҳури Чеченистон матраҳ хоҳад шуд, аммо ба назари ӯ ин мавзуъ дар ин нишаст муҳим нахоҳад буд. Вай афзуд порлумони Чечен чандин бор ба Рамазон Қодиров пешниҳод карда буд ки ӯ раиси ҷумҳури Чеченистон шавад, аммо ӯ қабул накард.

Қабл аз анҷоми ин анҷуман Дукваха Абдураҳмонов, раиси порлумони Чеченистон дар посухаш бо хабарнигорон роҷеъ ба пешниҳоди Рамазон Қодиров ба мақоми раиси ҷумҳур Чеченистон гуфт, ки чаро Қодировро ба президентӣ пешниҳод кунем, ӯ хеле вақт аст, ки дар дили мардум раиси ҷумҳур Чеченистон аст.

Анҷумани мардумони ҷумҳурии Чеченистон барои нахустин бор соли 2002 баргузор шуда буд. Раиси ин анҷуман ҳамон сол Аҳмад Қодиров интихоб шуд, аммо пас аз марги оқои Қодиров, фаъолияти ин анҷуман мутавақиф шуд.

Дар моҳи августи соли 2006 ҳамойиши анҷумани мардумони Ҷумҳурии Чеченистон кори худро дубора оғоз кард ва ҳоло ин анҷуманро Дукваха Абдураҳмонов - раиси порлумони Ҷумҳурии Чеченистон раҳбарӣ мекунад.
XS
SM
MD
LG