Пайвандҳои дастрасӣ

Муҳоҷирон раъйдиҳиро оғоз карданд


Райиси кумиссиюни эъзомии интихоботи райиси ҷумҳури Тоҷикистон ва муовини аввали сафири Тоҷикистон дар Русия Зойиршо Сайидов ба Радиои Озодӣ гуфт, рӯзи 31 октябр раъйдиҳии муҳоҷирони тоҷик ба интихоботи президентии Тоҷикистон аз минтақаи сибирии Русия расман оғоз шуд.


Вай тавзеҳ кард, «дар мутобиқат ба қонуни интихоботи Тоҷикистон ва бо дарназардошти мушкилоти рафтуомади муҳоҷирон раъйдиҳӣ дар 27 шаҳри бузурги Русия аз рӯзи 31 октябр то 5 ноябр ва дар Маскав рӯзи 6 ноябр баргузор мешавад.»


Ҳамзамон узви кумиссиюни эъзомии интихобот Муталлиб Шарифов аз шаҳри Красноярск хабар дод, ки рӯзи 31 октябр раъйдиҳӣ расман шурӯъ шуд ва беш аз сад нафар раъй доданд.


Намояндаи кумиссиюн гуфт: "раъйдиҳии пешакӣ дар Красноярск то 3 ноябр идома меёбад ва дар назар аст дар он то 5 ҳазор раъйдиҳанда ширкат кунанд."


Ба гуфтаи намояндаи комиссиюни эъзомии интихоботӣ дар Красноярск овоздиыҳндагон ба ҳамаи 5 нафар номзадҳои мақоми райиси ҷумҳури Тоҷикистон аз тариқи рӯзномаи "Тоҷикони Россия" шинос шудаанд. Ҳамзамон барномаҳои президентии номзадҳо ва аксҳои онҳо дар ҳавзаи интихоботӣ мавҷуд аст ва раъйдиҳандагон пеш аз овоздиҳӣ ба онҳо шинос мешаванд. Барои онҳое, ки имкони омадан ба ҳавзаи интихоботиро надоранд, сандуқҳои сайёри раъйдиҳӣ фиристода мешавад.


Бино ба гузоришоти қаблии сафорати Тоҷикистон дар Маскав, интизор меравад, ҳудудан 200 ҳазор атбоъи Тоҷикистон дар интихобот ширкат кунанд. Дар гузоришоти сафорат гуфта шудааст, ҳарсола наздик ба 500 ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон барои кори мавсимӣ ба Русия меоянд ва бо фаро расидани сардиҳо бахши аъзами онҳо ба ватан бармегардад.


Муҳоҷирони тоҷик дар Русия ибтидо аз солҳои 1994 дар интихоботҳои президентӣ, порлумонӣ ва референдумҳои Тоҷикистон ширкат кардаанд, вале бори аввал аст, ки онҳо дар интихоботи президентӣ дар Русия пеш аз мӯҳлат ширкат меварзанд.
XS
SM
MD
LG