Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҷашни ваҳдати миллии Русия бо "Марши Русӣ"


Шӯрои иҷтимоъии созмондиҳии роҳпаймоии Морши русиро Дмитрий Рагозин ва 22 намояндаи порлумони Русия аз ҳизбҳои Родина ва Ҳизби Либерол Демократи Русия раҳбарӣ мекунанд. Мақомоти шаҳри Маскав иҷозат надодаанд, ки роҳпаймои баргузор шавад. Бархе аз коршиносон мегӯянд, ки роҳпаймоиҳои мушобеҳи миллигароёни рус дар гузашта ба ошӯбу беназмиҳо анҷомида буд ва ба ҳамин далел мақомоти шаҳри Маскав ба созмондиҳандагони ин роҳпаймоӣ иҷозаи баргузории онро надодаанд.

Қарор аст роҳпаймоии Морши русӣ дар шаҳрҳои гуногуни Русия баргузор шавад. Аммо имрӯз шаҳрдориҳои Санкт Петербург ва Красноярск расман эълом карданд ки аз баргузории ин роҳпаймоӣ дар шаҳрҳои худ ҷилавгирӣ хоҳанд кард. Ба гуфтаи Валентина Матвеенко, шаҳрдори Санкт-Петербург, ҳич "Морши Руси" ва барномаҳои фошисти 4 ноябр дар шаҳри Санкт - Петербург баргузор нахоҳад шуд.

Аммо Дмитрий Рогозин - намояндаи порлумони Русия ва раҳбари ҳизби Родина ё Мейҳан гуфт, ки сарфи назар аз мухолифатҳо, ӯ ва 22 намояндаи дигари порлумон рӯзи 4 ноябр бо ҳамандешони худ дар ин морш ширкат хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG