Пайвандҳои дастрасӣ

Cозмонҳои байнулмилалӣ ва интихобот


Коршиносон мегӯянд, ки мизони эътимоди мардуми Тоҷикистон ба созмонҳои байнулмилалии мустақар дар кишвар ба таври маҳсусе коҳиш ёфтааст. Сомонаи интернетии ozodi.org низ барои санҷиши ин мизон дар Майдони Баҳси худ пурсишеро матраҳ кард:

"Оё ниҳодҳое чун Созмони Милал ва Созмони Амният ва Ҳамкории Урупо бар наҳваи баргузории интихобот дар Тоҷикистон таъсир мегузоранд?"

Посухи аксарият манфӣ буд. Барои намуна, Муҳаммад менависад:

"Ба ақидаи ман, Созмони Милали Муттаҳид ва Созмони Амният ва Ҳамкории Урупо ягон таъсире дар ҷараён ва баргузории интихобот дар Тоҷикистон расонида наметавонад. Зеро Тоҷикистон кишварест, ки ҳамаи ниҳодҳои давлатӣ зери контроли президенти феълӣ қарор доранд ва дар аснои интихоботи гузашта мо шоҳиди бисёр қонуншиканиҳо будем ва боз ҳам мешавем. Агар ин созмонҳои байнулмилалӣ таъсире медоштанд, ҳукумати феълӣ ва намояндагони порлумони феълӣ арзи вуҷуд намекарданд."



Ин пурсишро бо мақомоти баландпояи Созмони Милал низ дар миён гузоштам. Албатта, имкони гуфтугӯи мустақим бо он мақомот ба соддагӣ муяссар намешавад ва шояд замон ва ҳавсалаи бештаре мехоҳад, то он гуфтугӯ анҷом бигирад. Аммо Ҷорид Котлер, муншии Иброҳим Қанбарӣ, муъовини дабири кулли Созмони Милал дар посух ба зангҳои мукаррар ва номаҳои бешумори ман навишт:


"Мусалламан, Созмони Милал ба интихоботи қарибулвуқӯъ алоқаманд аст, зеро интихобот барои раванди сулҳсозӣ дар Тоҷикистон як омили муҳим аст. Аммо ман мутмаиннам, ки шумо ҳам огоҳед, ки Созмони Милал дар ин интихобот танҳо мусоъидати фаннӣ мекунад. Аз Созмони Милал хоста нашудааст, ки бар раванди интихобот назорат кунад. Дар мавриди ҷузъиёти мусоъидати фаннии Созмони Милал ба интихобот ва ё нақши васеътари Созмони Милал дар амри сулҳсозӣ дар Тоҷикистон хоҳиш мекунам ба дафтари Созмони Милал дар Тоҷикистон руҷӯъ кунед.
Бо эҳтиром, Ҷорид Котлер"


Қабл аз машварати оқои Котлер мо сӯҳбати мухтасаре бо раиси намояндагии Созмони Милал дар Тоҷикистон ҳам доштем. Владимир Сотиров дар он гуфтугӯ аз нигарониҳои мухолифони давлати Тоҷикистон мабнӣ бар нақзи муқаррароти қонуни интихобот ва Қонуни Асосии кишвар чизе нагуфт, балки баръакс, таъкид кард, ки дар корзори интихоботии ҷорӣ нишонаҳое аз демукросиро метавон мушоҳида кард:


"Ба назари ман, ҳамин ки чанд номзад то кунун пешбарӣ шудаанд, нишон медиҳад, ки созукор ё меканизми демукросӣ ба роҳ уфтодааст. Албатта, эъмоли ҳамаи қоъидаҳои демукросӣ дар Тоҷикистон душвор аст, аммо ба ҳар ҳол, ин ҳам роҳе аз изҳори назарҳои мухталиф аст. Бо таваҷҷӯҳ ба ин ки чандандешӣ ё плюрализм аз омилҳои умдаи тарвиҷи демукросӣ ба шумор меравад."


Оқои Сотиров бар ин назар аст, ки суннати демукросӣ дар Тоҷикистон вуҷуд надорад ва созукор ё меконизми демукросӣ барои муддате тӯлонӣ фаъъол набудааст, аз ин рӯ эъмоли демукросӣ дар ин кишвар душвортар аст.


Аммо Шокирҷон Ҳакимов, муъовини Ҳизби Сусиёл Демукроти Тоҷикистон ин наҳваи бархурд бо мақулаи демукросӣ дар Тоҷикистонро як навъ муҳофизакорӣ унвон мекунад:


"Намояндагии дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид ва раҳбари он Владимир Сотирову кормандони он консерватор ортодоксҳо буда, бо баҳонаи таҳкими сулҳ ва исбот кардани таҷрибаи сулҳи тоҷикон онҳо низ ба риоят нашудани ӯҳдадориҳои ихтиёран ба зимма гирифтаи ҳукумати Тоҷикистонро нодида мегиранд."

Оқои Ҳакимов ҳамчунин нигарон аст, ки намояндагии Созмони Амният ва Ҳамкории Урупо дар Тоҷикистон низ ба масъалаи демукросӣ таваҷҷӯҳи кофӣ мабзул намекунад ва чунин ба назар мерасад, ки онҳо роғибанд вазъияти феълӣ дар кишварро ҳифз кунанд.


Аз Урдур Гуннарсдоттир, сухангӯи Созмони Амният ва Ҳамкории Урупо ва Дафтари Ниҳодҳои Демукротик ва Ҳуқуқи Башар дар шаҳри Варшав пурсидам, ки ин иддаъо то чӣ андоза дуруст аст?


«Назорат бар демукросӣ аз вазифаҳои Дафтари Ниҳодҳои Демукротик ва Ҳуқуқи Башар нест. Вазифа ва нақши мо ба вижа дар ин мавриди бахусус назорат бар интихобот аст ва мо рӯи ҳамин интихобот мутамаркиз хоҳем шуд.»

РО: Аммо интихобот мустақиман бо демукросӣ муртабит аст?.


«Бале, аммо интихобот танҳо бахше аз демукросист ва ман фикр намекунам, ки мо дар мавриди демукросӣ тавзеҳоти ташреҳоти куллие бидиҳем. Аз мо даъват шудааст, ки бар раванди интихобот назорат кунем ва кори мо ҳамин хоҳад буд.»


РО: Шуморе аз созмонҳои байнулмилалӣ мегӯянд, ки Тоҷикистон фоқиди суннатҳои демукротик аст. Оё метавон дар як чунин кишваре интизор дошта бошем, ки интихоботи шаффофу мунсифонае баргузор хоҳад шуд?


«Ман фикр намекунам, ки мо ба унвони нозирони интихоботӣ бояд дар мавриди интизоротамон изҳори назар кунем. Мо ба ҳар интихоботе бояд бо диди боз биравем, ба дур аз ҳар навъ интизороте. Мо фақат аз чашмдидҳоямон гузориш хоҳем дод, на аз ин ки фикр мекунем чӣ чизеро хоҳем дид.»

РО: Дар ин сурат метавон гуфт, ки интизороти шуморе аз ҳизбҳои сиёсӣ ғалат аст? Онҳо бар ин хаёланд, ки Созмони Милал ва Созмони Амният ва Ҳамкории Урупо ба кӯмакашон хоҳанд шитофт, то заминаҳои интихоботе шаффофу мунсифона фароҳам шавад. Пас онҳо иштибоҳ мекунанд?


«Ман наметавонам бигӯям, ки онҳо дуруст меандешанд ё ғалат. Мо ҷузъе аз ин инихобот нестем ва дар раванди он дахолат намекунем. Нақши мо танҳо назорат бар интихобот аст. Фикр мекунам, ин чизест, ки мардум пайваста фаромӯш мекунанд, ки нозирони интихоботӣ наметавонанд ва набояд дар раванди интихобот дахолат кунанд ё бахше аз он раванд бошанд. Нақши мо эъмоли нуфуз бар интихобот нест.»

Аммо таҳаввулоти ахир дар Иттиҳодияи Урупо низ боъис шуд, ки мухолифони давлати Тоҷикистон бо итминони бештаре бар чашмпӯшии ҷомеъаи байнулмилалӣ дар баробари нақзи мавозини демукросӣ дар Осиёи Миёна, аз ҷумла Тоҷикистон таъкид кунанд.


Ахиран Кристина Галач - сухангӯи Ховйер Солана, масъули сиёсатҳои хориҷии Иттиҳодияи Урупо таъйид кард, ки масъулони ин созмон дар ҳоли аз сар гирифтани равобит бо давлати Узбакистон ҳастанд. Равобите, ки пас аз ҳаводиси Андиҷон дар моҳи майи 2005 ба тирагӣ гароид.


Сиёсати нармиш дар баробари раҳбарони худкомаи Осиёи Миёна чизест, ки Анна Матвеева, як пажӯҳишгари муқими Ландан дар таҳқиқи ҳаҷими худ ба Иттиҳодияи Урупо пешниҳод кардааст. Вай менависад:


"Иёлоти Муттаҳидаи Омрико ва дар пайи он диҳишгарон ё донорҳои урупоӣ барои тарвиҷи демукросӣ дар Осиёи Миёна пул ва талошҳои зиёде ба харҷ доданд. Бархе аз фаъъолиятҳои мансуб ба тарҳи мавсум ба "Тарҳи демукротизе", ки дар кишварҳои Урупои Шарқӣ пиёда шуд ва гӯё муваффақиятомез будааст, дар Осиёи Миёна ҳам ба иҷро даромад. Ин наҳваи бархӯрд маъмулан шароити маҳаллиро нодида мегирад ва зарфияти инсониро бештар аз ҳадди мавҷудаш медонад ва аз ниёзҳои воқеъии мардум дар минтақа огоҳ нест. Дар асл зарфияти инсонӣ дар Осиёи Миёна маъмулан бисёр маҳдуд аст."


Анна Матвеева дар идомаи пажӯҳишаш иддаъо мекунад, ки "бо таъкиди ғайризарурӣ бар демукросӣ чизи андаке ба даст хоҳад омад."



Дар як тамоси телефунӣ бо Анна Матвеева дар Ландан аз ӯ хостам, ки манзураш аз ин ҷумларо рӯшантар баён кунад:


"Ҷомеъаи байнулмилалӣ рӯи сохтори расмии демукросӣ дар Осиёи Миёна таъкиди зиёде кардааст. Ба монанди интихобот ва ойини додрасӣ. Ва ин таъкидҳои мукаррар дар ҷавомеъи минтақа танини зиёде намедиҳад. Тавсеъаи мушорикат дар умури маҳаллӣ кори беҳтаре мебуд. Дар ҳоле ки таъкид рӯи сохторҳои демукротик то кунун ҳич беҳбудии малмусе ба бор наовардааст, баръакс, назорат бар интихобот ба як мошини ихтилофот табдил шуд. Ман Созмони Милал ва Созмони Амният ва Ҳамкории Урупоро ба адами таваҷҷӯҳ муттаҳам намекунам. Ба назари ман, онҳо дар гузашта корҳои зиёде анҷом додаанд. Аммо то кунун хостаҳои онҳо бароварда нашудааст."


Аз бону Матвеева пурсидам, ки чун натиҷаҳои мавриди назари ҷомеъаи байнулмилалӣ аз демукросӣ дар Тоҷикистон ҳосил нашудааст, пас бояд қазияи демукросӣ дар ин кишварро фаромӯш кард?


«Ман фикр мекунам, ки онҳо чорчӯби "демукросӣ"-и худро бояд мушаххас кунанд ва бигӯянд, ки манзурашон аз демукросӣ чист. Агар манзур аз "демукросӣ" баргузории интихоботи раёсати ҷумҳурӣ бо номзадҳои олтернотив бошад ва ин чизест, ки Тоҷикистон ба он ниёз дорад, мо медонем, ки ин иттифоқ нахоҳад уфтод. Яъне агар пофишории мо бар ин бошад, ки оқои Раҳмонов ҳатман рақибони сазоворе дошта бошад, ки дар интихобот алайҳи ӯ ширкат кунанд, ба назари ман, воқеъбинона нахоҳад буд.»



Яке аз муҳимтарин нукоте, ки Анна Матвеева барои Иттиҳодияи Урупо дар сиёсатҳояш дар Осиёи Миёна тавсия кардааст, "субот ва беҳбуди зарфияти давлатҳо барои муқобила бо хатароте аз қабили теруризм аст, то аз доман густардани он хатарот ба берун аз минтақа ҷилавгирӣ шавад".



Аммо дар сурати набуди демукросӣ ва бурузи нохушнудиҳои сиёсию иҷтимоъӣ чи гуна метавон замонат дод, ки суботи кишвар пойдор хоҳад монд? Анна Матвеева:


«На, мусалламан, намешавад чунин замонате дод. Аммо таҳқиқи ман танҳо дар бораи суботу амният нест. Он ҳамчунин дар бораи давлатсозӣ, наҳваи муқобила бо таҳдиди исломӣ ва наҳваи барқарории суботи иҷтимоъист. Яъне гузори иҷтимоъии як ҷомеъа ба низоме дигар бисёр муҳим аст.

Он чӣ бисёр муҳим аст, мизони алоқаи мардуми Осиёи Миёна ба давлатҳои кишварҳояшон аст ва ин ки оё ба назари онҳо, давлатҳояшон барои онҳо кор мекунанд ё кор хоҳанд кард ё на. Дар Тоҷикистон мардум ҳанӯз ҳам давлати худро хеле нокомил медонанд, аммо ин вазъият ба маротиб беҳтар аз вазъиятест, ки тайи солҳои ҷанги дохилӣ буд.

Ҷанге, ки хотирааш дар азҳони мардум ҳанӯз тоза аст. Дар ин маврид вазъи Тоҷикистон ба маротиб беҳтар аз вазъи Афғонистон аст. Аз ин рӯ, раванди демукротизе, ки аз сӯи ҷомеъаи байнулмилалӣ дар Афғонистон тарвиҷ мешавад, барои Тоҷикистон асароти зиёнбор ва носозгоре дорад.»



Вале оё интихоботи қарибулвуқӯъ дар Тоҷикистон ва корзори интихоботии ҷорӣ дар он кишварро метавон демукротик талаққӣ кард ё на? Анна Матвеева:


«Дар ин интихобот ҳич навъ рақобати ҷиддие сурат нахоҳад гирифт. Ҳама аз пеш медонанд, ки аз ин интихобот чи касе баранда берун хоҳад омад. Аммо боз ҳам метавон то андозае ибрози назари сиёсӣ, корзори интихобтӣ ва фаъъолияти ҳизбҳои сиёсиро мушоҳида кард. Ҳарчанд натиҷаи ин интихоботро медонем, вале бо вуҷуди ин, шароит барои мубоҳисоти сиёсӣ маҳдуд ва мушорикати сиёсии маҳдуд то андозае фароҳам аст.»

Дар ин сурат, оё ҷомеъаи байнулмилалӣ бояд мавориди эҳтимолии нақзи қонун дар интихоботи Тоҷикистонро нодида бигирад?


«Ман фикр мекунам, ки ҷомеъаи байнулмилалӣ бояд ба нукоте ишора кунад, ки мояи нохушнудиаш шудааст ва бояд мавориди ниёзманди беҳбудро барҷаста кунад. Ман фикр мекунам забони баёнияҳои онҳо бояд интиқодомез, аммо қобили қабул бошад. Дар ин баёнияҳо бояд роҳи пешрафт ва роҳи беҳбуди шароит мушаххас шавад. Аммо агар аз давлати Тоҷикистон чизе хоста шавад, ки онҳо ҳаргиз анҷом нахоҳанд дод, ин интиқодот куллан нодида гирифта хоҳад шуд. Интиқод бояд шавад, мавориди нигаронӣ бояд равшан шавад, аммо бояд ҳамчунин дар назар дошт, ки тарафи интиқод, яъне давлати Тоҷикистон, қодир ба пазириши чӣ миқдор интиқод аст."

Хулоса, ки аз таркиби дидгоҳҳои коршиносон ва масъулони созмонҳои байнулмилалӣ бармеояд, чунин аст: «Тоҷикистон ба ҳамон миқдор демукросӣ даст хоҳад ёфт, ки мардумаш хостораш бошанд.»

Мусалламан, иттифоқоте, ки дар корзори интихоботии Тоҷикистон рух медиҳад, дар кишварҳои мавсум ба "ҷаҳони пешрафта" боъиси ҷанҷолҳои сиёсии густардае мешуд, аммо дар Тоҷикистон, чун сарусадое нест, ҷомеъаи байнулмилалӣ низ салоҳияти мудохила дар умури онро дар худ намебинад.
XS
SM
MD
LG